Имрӯзҳо дар миқёси вилоят вобаста ба ворид намудани тағйироу иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои маърифатӣ- фаҳмондадиҳӣ доир гардида истодаанд, ки дар рафти онҳо аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ ба аҳли ҷомеа моҳияту зарурияти ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни асосӣ фаҳмонида мешавад.
Аз ҷумла, имрӯз дар Кохи фарҳанги Рӯдакии шаҳри Хуҷанд машварати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Убайдулло Азизов, муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ бо сардорону мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ректорону устодони мактабҳои олӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва касбӣ, роҳбарон ва кормандони муассисаҳои тиббии вилоят доир ба ташвиқу тарғиби Паёми Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, фаҳмонида додани бандҳои тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни мамлакат баргузор гардид.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид баромади худро ба ба муҳимтарин нуқтаҳои Паёми Сарвари давлат вобаста ба соҳаи маориф бахшид. Ҳамзамон дар маърӯзаи ӯ вазъи татбиқи қарорҳои Ҳукумати кишвар, Барномаҳои давлатии соҳаи маориф мавриди таҳлили чуқур қарор дода шуд.
Дар назди аҳли толор муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Наврӯз Ҷаъфаров дар бораи бахши ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бахшидашудаи Паёми Сарвари давлат, таҳлили вазъи соҳа дар вилояти Суғд ва дурнамои соҳаи мазкур суханронӣ кард.
Моҳияту мазмуни тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Убайдулло Азизов шарҳ дода шуд.
Чорабиниро муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ҷамъбаст намуд.