Дар мактаб-интернати махсуси ёрирасони шаҳри Хуҷанд даври вилоятии олимпиадаи хонандагони синфҳои 10 оғоз ёфт. Дар олимпиада ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ аз тамоми гӯшаву канори вилоят иштирок доранд.

Дар расми ифтитоҳи олимпиада мудири шӯъбаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Раёсати маорифи вилоят Дилбар Исмоилова қайд кард, ки тибқи фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят танҳо як нафар ғолиби даври шаҳрию ноҳиявӣ, аниқтараш хонандае, ки дар ин давр соҳиби ҷойи аввал шудааст, метавонад дар даври вилоятӣ иштирок намояд. Ёдовар мешавем, ки олимпиада давоми се рӯз аз рӯи фанҳои ҷамъиятӣ ва дақиқ мегузарад.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>