Бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан аз вазъи саломатии сокинон гурӯҳи кории шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳристон тайи се рӯз аст, ки бо усули хона ба хона тарзи ҳаёти солимро ба аҳолӣ таблиғ мекунанд. Зимни сӯҳбатҳо маълум шуд, ки дар қиёс ба 10 – 15 рӯзи пешин руҳияи сокинон болида буда, онҳо бо қаноатмандӣ аз тадбирҳои рӯи кор гирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза аз бемории коронавирус назари андеша намуданд. Аксари пурсидашудагон аз вазъи саломатии худ шикоят накарданд ва аз ғамхориҳои пайвастаи масъулони ситодҳо ёдовар шуданд.
Дар навбати худ гурӯҳи ташвиқотчиён аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки аз коҳишёбии беморӣ фориғболӣ накарда, безарурият ба кӯчаҳо набароянд. Ҳангоми ба кӯча баромадан тавсияҳои мутахассисонро ба инобат гиранд.
Дар вохӯриҳо ба аҳолӣ наздики 50 ниқобҳо ройгон тақсим карда шуд