IMG_20200625_101458_858Бо коҳиш ёфтани шиддати сироятёбии бемории коронавирус мушоҳида мешавад, ки теъдоди зиёди шаҳрвандон ба кӯчаву марказҳои савдо  равона мебошанд. Махсусан анбӯҳи зиёди сокинонро дар кучаву хиёбонҳо, бозору марказҳои савдо мушоҳида кардан мумкин аст.
Бо дастури сардори Раёсати маорифи вилоят ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҳисоби омӯзгорони фаъол, кормандони Марказҳои технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсияи назди Раёсат ва шуъбаҳои маорифм вилоят гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, ҳамарӯза корҳои ташвиқотию таблиғотӣ вусъати тоза мегирад.IMG_20200625_101953_432
    IMG_20200625_101924_904Чунончи аз тарафи кормандони  Маркази технологияи иттилоотӣ ва конмуникикатсияи ноҳияи Ҷаббор Расулов варақаҳои огоҳикунанда оид ба пешгирии аз сирояти коронавирус дар ҳамаи  муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистонҳо, ошхонаю мағозоҳо, корхонаҳои давлатӣ, истгоҳҳо, автомашинаҳои мусофиркаш ва шахсони роҳгузар тақсим карда шуд.
Зимни вохӯриҳо қайд карда шуд, ки танҳо масъулият ва салоҳият, риояи гигиенаи шахсӣ метавонанд моро аз хатари сироятёбӣ эмин дорад. Баён гардид, ки давлат ва ҳукумати кишвар баҳри он мекӯшанд, ки шаҳрвандон эмин аз ин беморӣ бошад, пас моро мебояд, ки худро ва атрофиёнро аз ин беморӣ эхтиёт намоем.IMG_20200625_102025_924

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>