Бо коҳиш ёфтани шиддати сироятёбии бемории коронавирус мушоҳида мешавад, ки теъдоди зиёди шаҳрвандон ба кӯчаву марказҳои савдо равона мебошанд. Махсусан анбӯҳи зиёди сокинонро дар кучаву хиёбонҳо, бозору марказҳои савдо мушоҳида кардан мумкин аст.
Бо дастури сардори Раёсати маорифи вилоят ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҳисоби омӯзгорони фаъол, кормандони Марказҳои технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсияи назди Раёсат ва шуъбаҳои маорифм вилоят гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, ҳамарӯза корҳои ташвиқотию таблиғотӣ вусъати тоза мегирад.
Чунончи аз тарафи кормандони Маркази технологияи иттилоотӣ ва конмуникикатсияи ноҳияи Ҷаббор Расулов варақаҳои огоҳикунанда оид ба пешгирии аз сирояти коронавирус дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистонҳо, ошхонаю мағозоҳо, корхонаҳои давлатӣ, истгоҳҳо, автомашинаҳои мусофиркаш ва шахсони роҳгузар тақсим карда шуд.
Зимни вохӯриҳо қайд карда шуд, ки танҳо масъулият ва салоҳият, риояи гигиенаи шахсӣ метавонанд моро аз хатари сироятёбӣ эмин дорад. Баён гардид, ки давлат ва ҳукумати кишвар баҳри он мекӯшанд, ки шаҳрвандон эмин аз ин беморӣ бошад, пас моро мебояд, ки худро ва атрофиёнро аз ин беморӣ эхтиёт намоем.