1Дар гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти кормандони Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шоира Мутавалиён ва Васлибек Нарзиён бо роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Майори адлия Шоира Мутавалиён, сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мавзуъи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки марому мақсади ниҳоии Стратегия паст кардани сатҳи коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунтазам бартараф намудани монеаҳо, ҷиҳати рушди иқтисодиёт, демократия, мукаммалгардонии идоракунии давлатӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва иҷрои дигар ҳадафҳои Стратегияи миллии Рушд дар кишвар мебошад.
2Таъкид шуд, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ, халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гардидааст. Аз ин лиҳоз муборизаи дастҷамъона алайҳи ин зуҳуроти ҷомеа кори ҳамагон буда, пешгирии он вазифаи муҳим шуморида мешавад.
Дар анҷоми мулоқот сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода онро натиҷагирӣ намуд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>