Дар ҳошияи дастури Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ мулоқоти роҳбарони мактабҳои олии вилоят бо хатмкунандагон идома дорад.

Субҳи имрӯз наздики 300 нафар хатмкунандагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба умеди дидор ва мулоқот бо сарварони мактабҳои олӣ дар толори қасри фарҳанг сарҷамъ омаданд.

Чорабиниро муовини раиси ноҳия Хуршед Сатторов ҳусни оғоз бахшид.

khatmkunandagon_bo_donishgoh2Сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД-и вилоят Мирзотоҳир Набиев зарурати роҳандозии чунин ташаббусҳоро дар интихоби касби ҷавонон нек арзёбӣ намуда, қайд кард, ки мактабиёни ноҳия мунтазам дар олимпиадаву дигар озмунҳо ширкат варзида, ҳамзамон шумораи хатмкардагони ба мактабҳои олии кишвар дохилшаванда дар қиёс ба дигар шаҳру навоҳӣ зиёд буда, танҳо соли гузашта 46 фисади хатмкунандагон сазовори номи донишҷӯи гардиданд.

Ректори ДДХ Анвар Мақсудов дастовардҳои як соли охири донишгоҳро бо мисолҳои воқеъбинона таҳлил намуда, аз ҷумла гуфт, ки танҳо дар давоми як сол зиёда аз 100 тахтаҳои электронӣ харидорӣ шуд. Ихтисосҳои донишгоҳ ба шароити замона мутобиқанд.

Ректори ДКМТ дар шаҳри Чкалов Мухтор Фозилов низ аз шартномаҳои ҳамкорӣ бо коргоҳҳои маъдантозакунӣ вилоят ҳарф зада аз довталабон даъват ба амал овард, ки ҳини интихоби касб ба ин донишгоҳ раванд.

Директори ДПДТТ Дилафрӯз Сангинова аз шароити хуби таълимиву моддии донишкада ҳарф зада, баён дошт, ки бо мақсади тақвият бахшидани сатҳ ва сифати таҳсил ва омода намудани кадрҳои баландихтисос соли равон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду ихтисоси замонавӣ — Идораи захираҳои иттилоотӣ ва Низомҳои бисёрқанотаи телеробитаҳо иҷозатномаи фаъолият гирифта шуд. Ва тибқи шартнома бо Донишгоҳи Нижний Новгороди Федератсияи Русия минбаъд донишҷӯёни ин ихтисосҳо метавонанд пас аз хатми курси дуи донишкада таҳсилашонро дар ин донишгоҳи бонуфузи Русия идома диҳанд ва соҳиби дипломи Федератсия Русия гарданд.

Ҳамзамон соли сеюм аст, ки дар донишкада низоми таҳсилоти фосилавӣ амал мекунад, ки донишҷӯён новобаста аз макони зист, ҷои кор имкон доранд тавассути сомонаи www.fosilavi.tj тавассути вебинарҳо аз ҷараёни таҳсил огоҳ бошанд ва соле як маротиба омада, дониши азхудкардаашонро дар назди устод санҷанд.

Озмоишгоҳҳои замонавӣ, синфхонаҳои лингафонӣ, марказҳои забономӯзӣ, парки технологӣ, хобгоҳ ва китобхонаи рақамӣ имкон фароҳам меорад, ки донишҷӯ сифатнок дониши азхудкардаашро дар амалия санҷад.

Директори ДИС ДТТ Ином Аминов аз ҷараёни таълим бо се забон дар муассисаи худ изҳори хушнудӣ карда, қайд кард, ки робитаро ба устодони донишгоҳҳои хориҷӣ вусъат бахшидаанд ва онҳо ба дониши забондонии шогирдони донишкада баҳои баланд додаанд.

Дар суханронии муовини ректори ДДҲБСТ Абдуқаҳҳор Орипов қайд шуд, ки донишгоҳ дар самти омоданамоии ҳуқуқшиносону сиёсатмадорони варзида саҳми калон дошта, роҳбарияти донишгоҳ мекӯшанд, ки минбаъд низ бо таъсиси ихтисосҳои нав ҳамқадами замона бошанд.

Дар фарҷом аз ҷониби хатмкунандагон дар мавриди ташкили маҳфилҳои ҳунарӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ташкили кафедраи ҳарбӣ, имтиёз ба ғолибони олимпиадаву ятимони кул саволҳо дода, аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои олии вилоят посухҳои мушаххас гирифтанд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>