Мутобиқи нақшаи кории Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ва фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят таҳти №82 аз санаи 29.03.2016 ҷиҳати ташкил ва гузаронидани озмуни «Роҳбари созмони талабагии вилоятӣ» санаи 13.05.2016 дар гимназияи №2-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври вилоятии озмуни мазкур баргузор гардид. Дар озмуни вилоятӣ аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят 15 роҳбарони созмонҳои талабагии шаҳру ноҳияҳо ғолибоне, ки ба даври вилоятӣ гузаштаанд, ширкат варзиданд Озмун тибқи Низомнома шаффоф ва дар сатҳи баланд ташкилӣ баргузор гардид, аз тарафи ҳакамон озмун чунин ҷамъбаст гардид:

Ба ҷои якум

Абдурауфова Роҳатҷон аз гимназияи №2-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ба ҷои дуюм

Сидиқов Ризолидин аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №72-и шаҳри Панҷакент

Ба ҷои сеюм

Олимова Хуршеда аз литсеи №1-и шаҳри Конибодом сазовор гардиданд.

Ба ғолибон диплом тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода О.Қ. тақдим гардид.

Аз шаҳру ноҳияҳои К.Мастчоҳ, Истаравшан ва Деваштич бинобар сабабҳои номаълум намояндагон иштирок накарданд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>