Дар вилоят 226 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ фаъолият бурда, дар онҳо 36132 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамасола дар гурӯҳҳои синну солӣ моҳҳои июн — август давраи солимгардонии кӯдакон гузаронида мешавад.

Дар ин давра ҳамаи гурӯҳҳои синну солии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ тибқи нақшаи тақвимии давраи солимгардонӣ корбарӣ менамоянд.

Дар гурӯҳҳо чорабиниҳои гуногуни обутобдиҳӣ ва солимгардонӣ ба монанди: обутобдиҳии бадан, варзиш, обутобдиҳии дасту пойҳо дар рег, оббозӣ, машғулиятҳо дар ҳавои кушод, сайру гаштҳо гузаронида мешаванд, ки ба инкишофи ҷисмонӣ ва тандурустии кӯдакон мусоидат хоҳанд кард.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>