222Санаи 12-13 октябри соли ҷорӣ дар МД «Китобхонаи Миллӣ» -и шаҳри Душанбе фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони наврас ва ҷавон» таҳти шиори «Ҷавонон созандагони Ватан» баргузор ва ҷамъбаст гардид. Дар озмуни мазкур наздик 500 нафар ҷавонон ва наврасони муассисаҳои таълимӣ ва олию касбӣ иштирок намуданд. Дастаи вилояти Суғд иборат аз 115 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва донишҷуёни донишгоҳҳои олии қаламравӣ вилоят  дар фестивали мазкур иштирок намуданд. Ҳамчунин аз вилояти Хатлон 109 нафар, ВМКБ-27 нафар, ноҳияҳои тобеъи марказ, шаҳри Душанбе, водии Рашт низ иштироки фаъолона доштанд.

2Ба гуфти роҳбари умумии дастаи вилояти Суғд – директории маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят Фирдавс Ашӯрматов дар озмуни ҷумҳуриявӣ инчунин намоишгоҳи ихтироъкорон ва навоварон ба маърази тамошои сокинони Душанбешаҳр ва меҳмонон ба намоиш гузошта шуда, намоишгоҳи техникии вилояти Суғд аз беҳтаринҳо дониста шуд. Дар рафти намоишгоҳ аз ҷониби аъзоёни маҳфили Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд намоиши «Ракета-шоу» гузаронида шуд, ки ба ҳама хеле писанд омад. Аз намоишгоҳи мазкур Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва муовинони вазири маорифи ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон ва варзиш боздид намуданд.

2222Дар натиҷаи ҷамъбасти фестивали ҷумҳуриявӣ ҷойи аввал насиби хонандаи синфи 9 МТМУ№37 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мирҳомидов Дониёрбек гардид. Мавсуф аъзои маҳфили «Техникони наврас»-и Маркази таҳсилоти иловагӣ буда, бо пешниҳоди лоиҳаи «Мошинаи санитарӣ», «Роботи худкор», «Крани борбардор»  дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ шарафёб гардид. Дар байни донишҷуён бошад, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд сазовори ҷойи дуввум гардид. Тамоми иштирокчиёни фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ба ҳайяти кумитаи тадорукоти озмун беш аз 1000 лоиҳаҳои ихтироъкорӣ пешниҳод карда шуда, танҳо аз вилояти Суғд 456 лоиҳаҳои мухталифи ихтироъкорӣ ва навоварӣ аз ҷониби хонандагон ва донишҷӯён пешниҳод карда шуд. 22Дар доираи фестивал-озмун инчунин мастер-классҳо, нишастҳои илмӣ баргузор гардида барномаи «Шоми дӯстӣ», боздид аз осорхонаи Ҷумҳуриявӣ ва «Китобхонаи Миллӣ» ба ҳамагон писанд омад.

Дар қисмати ҷамъбасти озмун Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода барои фаъолияти ибратбахши ихтироъкорони вилоят Раёсати маорифи вилояти Суғдро бо Сипоснома тақдиронид.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>