Дар 8-умин Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика, физика, химия ва биология, ки рӯзҳои 19-26 майи соли равон дар шаҳри Ноидаи кишвари Ҳиндустон баргузор гардид,  21 нафар хонандагони лаёқатманд аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Б.Ғафуров ва мактаби Президентии шаҳри Бӯстон иштирок намуданд. Миёни 460 нафар хонандагон аз 16 кишварҳои ҷаҳон дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро хонандагони вилояти Суғд муаррифӣ намуданд, бо гирифтани 15 ҷойҳои ифтихорӣ,  аз ҷумла 4 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва 5 ҷойи сеюм  дар ҷамъбаст мақоми аввалро соҳиб шуданд.
Махсусан ҳайати ҳакамон ба дониши баланди Аҳлиллоев Улуғбек, хонандаи литсей барои хонадагони болаёқати шаҳри Хуҷанд аз фанни математика,  Исмоилова Дилшода, хонандаи  Гимназияи «Сафина»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз фанни биология, Ҳайдаров Муҳиддин, хонандаи мактаби хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз фанни биология ва Шокиров Шокирҷон, хонандаи Литсейи №1-и шаҳри Исфара аз фанни химия баҳои баланд доданд.
Маврид ба зикр аст, ки Исмоилова Дилшода аз фанни химия низ ба гирифтани ҷойи дуюм мушарраф гардид, ки ин дастоварди беназир аст. Ҳамчунин дар ин озмуни байналмилали шогирдони мактаби Президентии шаҳри Бӯстон ба гирифтани 7 ҷой —  4 ҷойи дуюм ва 3 ҷойи дуюм  ноил шуда, шарафи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ боло бардоштанд.
Дар ба даст овардани муваффақиятҳои хонандагони вилоят саҳми омӯзгорон — Ёдгорова Соро — омӯзгори Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди  Раёсати маорифи вилоят, Сулаймонов Диловар — омӯзгори мактаби Президентии шаҳри Бӯстон, Абдувоҳидова Маҳина — омӯзгори мактаби Президентии шаҳри Бӯстон, ки онҳоро дар ин озмун роҳнамо буданд, хеле калон аст.

Абдусабур Абдуваҳҳобов, корманди Раёсати маорифи вилояти Суғд

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>