akademyaТибқи фармоиши сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд ва корбарии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дастаи хонандагони вилояти Суғд дар 40-умин сессияи баҳории ҷумҳуриявии Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд. Аз вилояти Суғд дар даври ҷумҳуриявии Академияи хурди илмҳо наздик 300 нафар хонандагон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд бомуваффақият иштирок намуда бо касби 276 ҷойҳои ифтихорӣ, сазовори ҷойи аввал дар ҷумҳурӣ гардидаанд.
Қобили зикр аст, ки дар даври ҷумҳуриявии Академияи хурди илмҳо, ки дар Мактаби байналмиллалии Президентии шаҳри Душанбе баргузор гардид наздик 1200 нафар хонандагон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, водии Рашт, ноҳияҳои тобеи марказ ва аз вилояти Суғд иштирок доштанд. Дар маросими ифтитоҳи сессияи ҷумҳуриявӣ Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ, муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар даври ҷамъбастии озмун вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нуриддин Саид иштирок намуда, ба ғолибон диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ ҳадя намуданд. Ба малакаву маҳорат, эҷоди асраҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва навоварии хонандагони вилояти Суғд аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд.
Озмун аз 15 фанҳои зерин иборат буд: забон ва адабиёти тоҷик, рӯзноманигорӣ, биология, геоэкология, география, физика, математика, тиб, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, таърих, ҳуқуқ, химия, педагогика, равоншиносӣ. Тибқи низомнома хонандагон корҳои илмӣ-таҳқиқотии худро омода намуда, аз тариқи слайд, айёниятҳо, кори илмӣ ба аъзои ҳакамон муаррифӣ намуданд. Дар натиҷаи ҷамбаст ба хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд муяссар гардид, 56 нафар узви вобаста, 47 нафар узви ҳақиқӣ, 77 ҷойи аввал, 42 ҷойи дуввум, 24 ҷойи саввумро сазовор гарданд. Аз ҳисоби ҷамъи холҳои даставӣ дастаи вилояти Суғд дар ҷумҳурӣ ҷойи аввал гардид.
Лозим ба таъкид аст, ки ба аввалин бор 103 нафар хонандагони вилояти Суғд, ки соҳиби унвони баланди узви вобаста ва узви ҳақиқии Академияи хурди илмҳо гардиданд, имкон пайдо намуданд мутаносибан 50 ва 100 холӣ барои дохил шудан ба макотиби олӣ аз тариқи маркази миллии тестӣ имтиёз касб намоянд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>