Дар Плнетарияи ба номи Абумаҳмуди Хуҷандӣ ба муносибати эълон гардидани солҳои 2020 — 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” озмуни вилоятии “Мошинаҳои ояндаи коинот” баргузор гардид.
Ҷонишини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов дар маросими оғози чорабинӣ қайд намуд, ки озмуни вилоятии “Мошинаҳои ояндаи коинот” дар давраи басо муҳим гузашта истодааст. Зеро бе аз худ намудани техника ва технологияҳои пешқадам тараққиёти ҷомеаи ҷаҳониро тасаввур кардан душвор аст. Ташкилу баргузории озмуни имрӯза ба сайқали донишу малакаи насли наврас вобаста ба аз худ намудани техникаву технологияҳои ҳозиразамон ва дар оянда фахри халқу миллати сарбаланди мо мегарданд, мусоидат хоҳад кард.
Дар озмун зиёда аз 100 нафар хонандагони ихтироъкор — намояндагони шаҳру ноҳияҳои Спитамен, Ашт, Ҷаббор Расулов, Истаравшан, Зафаробод, Деваштич, Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Мастчоҳ, Истиқлол ширкат намуданд.
Аз рӯи бахшҳои мошинаҳои ояндаи коинот, мошинаҳои моҳгард, аёниятҳои астраномӣ, паронидани мушак мутаносибан ҷои аввал насиби Некқадам Саидов — хонандаи синфи 10 шаҳри Бӯстон, Акрамов Далер аз шаҳри Конибодом, Ш. Мустафоқулова ноҳияи Зафаробод, Фарзин Далимов, хонандаи МТМУ № 17, синфи 9,
Ғолибон бо дипломҳои дараҷаи 1,2,3 ва ба ихтироъчиёни фаъол ва роҳбарони маҳфилҳо бо Сипосномаҳои Раёсати маорифи вилоят ва Планетария сарфароз гардонида шуданд.