Дирӯз дар Планетарияи ба номи А.Хуҷандӣ дар ҳаморӣ бо Маркази таҳсилоти иловагии вилоят семинар-машварат доир гардид, ки дар он 30 нафар масъулони равияи сайёҳӣ-кишваршиносӣ ва роҳбарони истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ ва беруназшаҳрӣ иштирок намуданд.

Иштирокчиёни семинар дар мавзӯъҳои «Ташкили истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ», « Усулҳои ташкили экскурсия ба ҷойҳои таърихӣ», «Экскурсия ба Планетария – омили баланд бардоштани ҷаҳонбинии насли наврас» баромадҳои пурмазмун шуниданд.

Ташкили семинар дар арафаи мавсими истироҳати тобистонаи хонандагон иқдоми хубе буд, барои дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани истироҳату фароғати насли наврас.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>