Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташвиқу тарғиби қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар байни кӯдакону наврасон, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки онҳо, инчунин ҳавасмандкунии хонандагони муассисаҳои таълимӣ оид ба омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба иыдоми шоиста рӯ овард. Аз 25 ноябр то 15 декабри соли 2018 дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарин дар мавзӯи “Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдак-2018” баргузор гардид.
Дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз вилояти Суғд зиёда аз 60 расмҳои беҳтарини хонандагони муассисаҳои таълимӣ шуданд.
Аз байни 600 адад расмҳои ба озмуни ҷумҳуриявӣ пешниҳодгардида расмҳои пешниҳоднамудаи 5 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд беҳтарин дониста шуданд.
Аз ҷумла расмҳои пениҳоднамудаи О. Исмоилов — хонандаи синфи 8, гимназияи №1, Р.Фаррухзода – хонандаи синфи 5, муассисаи ғайридавлатии “Паймони азизон”, Р.Шарифбоева – хонандаи синфи 5, муассисаи таълимии №26, шаҳри Хуҷанд, О. Қӯшматов хонандаи синфи 3, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ноҳияи Шаҳристон, У.Носиров – хонандаи синфи 6, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Деваштич ба баҳои баланди ҳайати доварон сазовор гардиданд. Дастаи вилояти Суғд бо 5 ҷойи ифтихорӣ соҳиби ҷойи якум гардид.
Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо Диплому Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гардиданд.

БАХТИЁР САРҲАДОВ,
Сармутахассиси шуъбаи
таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи
умумии Раёсати маорифи вилоят

       

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>