Бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва дониши экологии хонандагон дар шуъбаи маорифи ноҳияи Ғончӣ озмун дар мавзӯи «Оби тоза – муҳити солим» аз рӯи шартҳои: иншои беҳтарин, видеоролики беҳтарин ва расмҳои беҳтарин гузаронида шуд.

Дар озмун хонандагони муассисаҳои таълимии № 1,10, 14, 16, 19, 38, 42, 45, 46, 47, 51, 53 ва гиназияи №1 фаъолона иштирок намуданд.

Маводҳои пешниҳоднамудаи муассисаҳои таълимӣ аз тарафи ҳайати доварон, ки аз намояндагони шуъбаи маориф ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия иборат буд, аз назар гузаронида ғолибон муайян карда шуданд.

Аз рӯи шарти «Иншои беҳтарин» ғолибият насиби хонандаи синфи 10-и мактаби миёнаи №10 Ӯғулой Қобилова, «Видеоролики беҳтарин» хонандаи синфи 10-и мактаби миёнаи №47 Иброҳим Келдиев, «Расмҳои беҳтарин» хонандаи синфи 8-и мактаби миёнаи №53 Нозанин Зокирова гардиданд. Дар интиҳои озмун мудири шуъбаи маориф Зикрулло Иброҳимов ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии шуъбаи маориф ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияро супорид.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>