Тибқи накшаи Раёсати маорифи вилоят даври минтақавии озмуни вилоятии «Беҳтарин осорхонаи мактабӣ» байни дастахо аз шахру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Ашт ва Гулистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 – и шаҳри Гулистон гузаронида шуд.
Озмун аз рӯи бахшҳои ҳимояи рисолаву реферат, бахши роҳбарон ва намоиши лавҳаҳо, наворҳои видеоӣ ва бозёфтҳои гуногун гузаронида шуд. Дар ҷамъбасти озмун ба ҷойи якум дастаи шаҳри Хуҷанд, ҷойи дуюм дастаи шаҳри Конибодом ва ҷойи сеюм дастаи шаҳри Гулистон сазовор дониста шуданд.
Дастаҳои шаҳрҳои Хуҷанд ва Конибодом ба даври вилоятии озмун, ки санаи 21.10.2016 ба нақша гирифта шудааст, роҳхат гирифтанд. Баргузории даври минтақавии озмун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад.