Тибқи нақшаи филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии коромандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд дар Маркази таҳсилоти иловагии № 1-и шаҳри Исфара бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои нерӯи эҷодӣ ва қобилияти омӯзгорон, дарёфти чеҳраҳои нави ҳунармандон аз байни омӯзгорони фанни технология озмуни “Дастони моҳир” дар мавзӯи “ Эҳёи ҳунарҳои миллӣ дар замони Истиқлолият” бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар озмун 70 нафар омӯзгорон дар бахшҳои “Кашидадӯзӣ”, “Қолинбофӣ”, “Гулдӯзӣ”, ”Кешбофӣ”, ”Қуроқдӯзӣ”, “Кандакорӣ”, “Гаҷкорӣ”, “Сикказанӣ”, ”Сабатбофӣ”, ”Кулолгарӣ”, ”Апликатсия” байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Аз ҷониби ҳакамон дар ҳамаи бахшҳо беҳтаринҳо муайян ва ба онҳо Ифхорномаи Раёсати маорифи шаҳри Исфара супорида шуданд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>