Муассисаи давлатии Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Раёсати маорифи вилояти Суғд бори аввал озмуни “Сайбер Наврӯз”- ро дар байни ҷавонон ва наврасони вилоят эълон менамояд.

Чорабинии мазкур 7 апрели соли ҷорӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ баргузор мегардад.

Мақсади ташкил кардани озмун баҳри рушди технологияҳои иттилоотӣ дар байни ҷавонони рақамӣ ва иштироки зеҳнии онҳо дар ҳалли масъалаҳои марбут ба минтақа равона карда мешавад. Ҳамчунин муайян ва дастгирии ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд, бо роҳи дарёфти рушди минбаъдаи лоиҳаҳои озмун мебошад.

Дар озмун духтарон, наврасон, ҷавонон ва ҳамчунон мухлисону истифодабарандагони технологияҳои рақамӣ метавонанд ширкат варзанд.

Барои иштирок дар озмун, бояд ғоя (идея) ё лоиҳае, ки бо мақсади ҳал намудани масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақа равона карда шудааст, ба қайд гирифта шавад. Дар сайти Раёсати маорифи вилоят, саҳифаи махсуси озмуни “Сайбер Наврӯз” маълумоти муфассал оид ба рафти озмун ҷой дода шудааст.

Лоиҳаи пешниҳодшуда, бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯй бошад:

  1. Лоиҳа баҳри ҳалли мушкилиҳои иҷтимоии минтақа;
  2. Лоиҳаи инноватсионӣ баҳри беҳтар намудани соҳаи маориф;
  3. Маҳзанҳои маводҳои таълимӣ ё ин ки даргоҳи (портал) маърифатӣ;

Баъди бақайдгирӣ, аз ҷониби комиссия лоиҳаҳое, ки ба талаботи озмун ҷовобгӯ мебошанд, интихоб карда мешаванд. Ба муаллифи лоиҳаи интихоб шуда даъват барои иштирок дар озмун ирсол мешавад.

Лоиҳаҳо бояд то санаи 4 апрели соли 2016 дар саҳифаи мазкур ҷойгир карда шаванд.

Барои гирифтани маълумоти муфассал доир ба озмуни “Сайбер Наврӯз” бо телефонҳои (3422) 5-77-39, 928842777 ё ин ки почтаи электронии Маркази ТИК citc.sugd@gmail.com дар тамос шавед.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Посух додан ба Аноним Лағв

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>