Дар таъриҳи 7-майи соли 2015 тибқи нақшаи тарҳрезишуда дар шӯъбаи маорифи ноҳияи Спитамен аз ҷониби сардори Раёсати маорифи вилоят О. Каримзода Рӯзи қабули шаҳрвандон – кормандони соҳа баргузор гардид.

Дар рӯзи қабул 8-нафар кормандони соҳаи маориф аз ҷониби сардори Раёсат пазируфта шуда, онҳо ҷихати сохтмони бинои мактаб ва толори варзишӣ дар маҳаллаҳои навбунёди ноҳия, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба мутахассисони ҷавон, ташкили кӯдакистонҳои хусусӣ, паҳн намудани таҷрибаи пешқадами методи, муроҷиат карда шуд.

Дар худи ҳамин рӯз сардори Раёсати маорифи вилоят О.Каримзода ба ифтихори 70-солагии Рӯзи Ғалаба аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Раёсати маорифи вилоят, 3-нафар собиқадорон ва маъюбони ҶБВ-ро аёдат намуда, дар маросими пардабардорӣ аз Лавҳаи ёдбуди шаҳидони ҶБВ дар муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 22 иштирок намуд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>