DSCF1970Дар қасри фарҳанги ноҳияи Спитамен мулоқоти анъанавии роҳбарони муасиссаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо хатмкунандагони ноҳия баргузор гардид.

Муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ вохӯриро ҳусни ифтитоҳ бахшид.

 Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатии вилояти Суғд Олимҷон Муҳаммедов зимни баромади хеш таъкид дошт, ки сол то сол сафи донишҷӯён аз ноҳияи Спитамен дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят таҳсилмекарда зиёд мегардад. Агар соли таҳсили 2015-2016 ба мактабҳои олии вилоят 376 нафар хатмкунандагони ноҳия дохил шуда бошанд, пас имсол ин рақам ба 776 нафар мерасад.

Ҷамшед Ҷӯразода, ректори ДДХ зимни баромади хеш аз интихоби васеи ихтисосҳо, имкониятҳои фарох додан ба донишҷӯёни соҳибистеъдод, ташкили маҳфилҳо сухан ронда, таъкид дошт, ки шароити хуби таълимӣ имкон медиҳад, то сатҳи таълиму тарбия боло равад.

Дар баромади Мумин Шарифзода, ректори ДДҲБСТ зикр шуд, ки равобити донишгоҳ бо ташкилоту корхонаҳо тақвият ёфта, хатмкунандагон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда истодаанд.

Мухтор Фозилзода, ректори ДКМТ зимни муаррифӣ гуфт, ки ин муассисаи пешрафта ягона донишкада дар миқёси ҷумҳурӣ барои омодакунии кадрҳои соҳаи геология ва корҳои кӯҳкорӣ махсус ташкил карда шудааст ва солҳои охир сафи хоҳишмандони дар ин ҷо таҳсилмекарда меафзояд.

Директори ДИСДТТ Абдурауф Олимӣ аз роҳандози шудани ихтисосҳо бо забони англисӣ сухан намуда, таъкид дошт, ки айни ҳол чунин гурӯҳҳо ба 13 адад расидаанд.

0101Хуршед Мақсудов, муовини директор оид ба тарбияи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд зимни муаррифии донишкада, қайд кард, ки дар факултети информатика ва энергетика мутахассисони соҳаи муҳандисӣ, таъмини барқ, энергетика, телекоммуникатсия ва таъминоти барномавии компютерӣ омода мегарданд. Дар факултети сохтмон ва нақлиёт бошад, муҳандисони сохтмон ва саноати масолеҳи сохтмонӣ, хизматрасонии автомобилӣ ва ташкили ҳамлу нақл дар нақлиёт аз нозукии ин касбҳо огоҳӣ меёбанд. Факултети муҳандисӣ – технологӣ технологҳои баландихтисосро ҳамчун агротехнологи хоҷагиҳои деҳқонӣ, моделер – конструктор ва ташкилотчии соҳаи маҳсулоти дӯзандагӣ, технолог – ташкилотчии серсоҳаи саноати хӯрокворӣ ва меъморӣ тайёр мекунад. Иқтисодчиёну молияшиносони тайёркардаи факултети муҳандисӣ – иқтисодӣ аз беҳтарин мутахассисон дар ҷомеа шинохта шудааст, ки имрӯзҳо дар аксари корхонаҳои саноатии маъруфи кишвар ифои вазифа менамоянд.

Сарвари коллеҷи тиббӣ Илҳом Комилов, директори коллеҷи омӯзгорӣ Манучеҳра Кенҷазода ва муовини директори коллеҷи санъат М.Ҳошимова низ дар баромадҳои худ аз афзалиятҳои муассисаи худ назди ҳозирин суханронӣ намуданд.

Дар рафти муаррифии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус ба хатмкунандагон маводҳои ёрирасони иттилоотӣ аз қабили варақаҳо, брошураҳо, нашрияҳо тақсим карда шуда, ҳамзамон аз ҳаёти муассисаҳо видеороликҳо намоиш дода шуд.

Сипас, хамткунандагон доир ба вазъи таҳсил, имкониятҳои донишгоҳҳо, ҳамкориҳои хориҷӣ ва дигар муаммову мушкилоти хеш ба роҳбарони муассисҳои олии вилоят саволҳо матраҳ намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Абдусабур Абдуваҳҳобов, котиби матбуотии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>