IMG_20200402_145925Китоб ганҷи бебаҳо ва дўсти беминнати инсон аст. Ҳар нафаре, ки китоб мутолиа мекунад, ҷаҳонбину ҷаҳондон мегардад, ба корҳои беҳуда даст намезанад. Баръакс, шахси соҳибфазлу соҳибхирад ба камол мерасад, мегўяд,-Лайло Қўзиева, аъзои фаъоли китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукўҳӣ, иштирокчии Фестивали ҷумҳуриявии «Китоби кўдакону наврасони Тоҷикикистон».    Лайло Қўзиева дар синфи 4-уми мактаби №10-и шаҳри Хуҷанд таҳсил дорад. Маҳз китобхониву ҳифзи абёти шоирони калассику муосир барояш имкон дод, то шеъру ҳикояҳо офарад. Бо мақсади муаррифии ин ғунчаҳои умед ва афзун намудани меҳру муҳаббати китоб  байни наврасону ҷавонон ҳамасола Фестивали ҷумҳуриявии «Китоби кўдакону наврасони Тоҷикикистон» бо иштироки доираи васеи адибону навқаламон ва ҳаводорони каломи бадеъ доир мегардад.
IMG_20200402_145929_1Оғоз аз 2 апрел Фестивали ҷумҳуриявии китобдўстон таҳти унвони «Рўе, ки нагардад зи касе, рўи китоб аст» дар китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукўҳӣ бо иштироки шоиру нависандагон — Муқим Воҳидов, Додохони Эгамзод, Юсуф Насрулло, Саиднабӣ Наҷимӣ, Матлуба Ёрмирзоева ва наврасони эҷодкору аъзоёни фаъоли китобхона баргузор гардид. Маврид ба ёдоварист, ки рўзи аввали Ҳафтаи китоб ба мавлуди  70-солагии нависандаи хушбаёну нозукбин, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил  Муқим Воҳидов бахшида шуд. Перомуни фаъолият ва дастоварҳои эҷодии ин қаламкаши хушсалиқа адибону шоирон андешаҳо худро иброз доштанд. Ҳамчунин, аз ҷониби хонандагон низ аз эҷодиёти Муқим Воҳидов порчаҳои назмиву насрӣ қироат гардиданд. Барномаи фарҳангиву бадеии хонандагони литсейи №1-и шаҳри Хуҷанд ва дастпарварони мактаби мусиқии №№1 ва 2-и шаҳри Хуҷанд ҳуснафзои ин фестивал гардид.
Бояд қайд намуд, ки дўстдорони каломи бадеъ Муқим Воҳидовро бо асарҳои пурмуҳтавову ханданбобаш, амсоли  «Ашки ишқ», «Дунёи бевафо», «Ёд макун, ашк марез», «Оби зулол» хуб мешиносанду аз мутолиааш ғизои маънавӣ мегиранд. Инчунин, порчаҳои назмиву  насрии адиб  борҳо дар рўзномаҳои «Ҳақиқати Суғд», «Маориф ва маданият», «Омўзгор» дарҷ гардидааст. Нависанда айни ларп арафаи ба нашр расонидани, китоби «Лолае дар пайроҳаи бабр» аст.
Муқим Воҳидов  пеш аз ҳама омўзгор, раҳнамои роҳи илму дониш, тарбиятгари толибилмони Литсейи физикӣ-математикии №1-и шаҳри Хуҷанд мебошад. Бо дили гарму таҷрибаи бисёрсолааш мекўшад дар беҳдошти сифати таълим ва донишандўзии хонандагон саҳм гирад. Омўзгорон ва хонандагони литсей ҳама ўро эҳтиром мекунанд ва ҳамеша аз маслиҳату насиҳатҳояш баҳравар мегарданд.
Ҳамин тавр, рўзи аввали Фестивали ҷумҳуриявии «Китоби кўдакону наврасони Тоҷикикистон» бо шукўҳи хоса ҷараён гирифт. Дар назар аст, ки дар доираи чорабиниҳои фестивал ин гуна ҳамоишҳо, вохуриву мулоқотҳо бо адибони шинохтаи кишвар дар китобхонаҳои бачагонаи шаҳру навоҳии вилоят низ доир гарданд.

Мавлуда Ҳоҷибоева

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>