1Дар таърихи   27  июли соли 2020 дар партави Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, таҳти №АП – 1729 нишасти матбуотии сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд бо намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти маорифчиёни вилоят дар нимсолаи аввали соли 2020 ва тараддудҳои имрӯзаи ҷомеаҳои меҳнатии муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли ояндасоз сухан  рафт.
Дар нишасти матбуотӣ наздик ба 30 нафар намояндагони расонаҳои хабарӣ ҳузур доштанд.
Мудирони шуъбаҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, масъулини пешбурди кори таълиму тарбия низ иштирокчиёни нишаст буданд.
Вобаста ба он ки ба хабарнигорон оиди фаъолияти маорифчиёни вилоят таи шаш моҳи соли ҷорӣ гузориши хаттии муфассал ( пресс- релиз) пешниҳод шуда буд,  байни сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд О. Қ. Каримзода  ва хабарнигорон бе ироаи  маърӯза оид ба натиҷаҳои фаъолиияти маорифчиён дар шаш моҳи соли 2020 якбора  пурсишу посух сурат гирифт.
Дар рафти нишасти матбуотӣ хабарнигорони рӯзномаҳои  “Омӯзгор”  Н. Раҷабзода, “Ҳақиқати Суғд” Ш. Салимова, “Корвони умед”  С. Махкамов, “Эътиқод” Л. Камолиддинов,  ШТР “Азия” М. Атаева, “СМ -1”   М. Шукурова, “Танин” Ӯ.Раҷабова,  радиоҳои  “Суғд”З. Аджихалилова, “Замон” А.Ҷӯраев, “Озодӣ”  М. Мамадраҷаб ва дигарон вобаста ба масъалаҳои мубрами соҳа, аз ҷумла рванди омодагӣ ба соли нави таҳсил,  тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемориии сироятии COVID -19, пардохти  маош ва кӯмакпулиҳо ба  омӯзгорон дар ин давра, теъдоди медалҳои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ, таъминоти хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ, омодагӣ ба давраи  тирамоҳ ва зимистонгузаронӣ, содиршавӣ ва пешгирии ҷиноят дар байни мактабиён, раванди иҷрои  нақшаи  чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни мубораки 30 – солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  муассисаҳои таълимии вилоят бо саволҳо муроҷиат  карданд.2
Аз ҷониби сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода О.Қ. ба суолҳои матраҳшуда хеле возеҳ равшанӣ андохта шуда, бо мисолҳои мушаххас корҳои дар ин самт анҷомёфта шарҳу эзоҳ ёфтанд. Мавсуф зимни суханрониаш зикр намуд, ки 21 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии вилоят барои дарёфти медалҳои тилло ва нуқра  ҳуҷҷат пешниҳод намуданд. Аз ин теъдод 15 нафар ба дарёфти медалҳои тилло ва нуқра сазовор гардиданд. Тибқи  қарори  Ситоди ҷумҳуриявии пешгирии бемории сироятии COVID -19  оғози таҳсил дар муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумӣ рӯзи 17 август назардошт шудааст. Дар иртибот ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус маорифчиёни вилоят дар давраи таътил бетарафӣ зоҳир накарда, чанд иқдоми шоистаро пеш гирифтанд. Аз ҷумла, аз ҷониби кормандони Маркази таҳсилоти иловагии вилоят тариқи онлайн  фаъолияти 189 маҳфили фосилавии ҳунарҳои мардумӣ, техникӣ ва табиатдӯстонро роҳандозӣ гардида,  ба он беш аз 13287 хонандагон ҷалб гардиданд. Ҳамчунин, озмунҳои фосилавии вилоятӣ аз қабили “ Ман дар хона ба кори модарам ёрӣ мерасонам”, “Тозагӣ – гарави саломатӣ”, “Ваҳдат – кафили сулҳ”ташкилу баргузор гардиданд. Дар ин давра аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ 21 ҳазор ниқобҳо дӯхта дар ҳудуди вилоят ройгон тақсим карда шуд.
Инчунин ба дигар саволҳои марбут ба соҳа  аз  сардори Раёсати маориф хабарнигорон посухҳои мушаххас гирифтанд.
Сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода О.Қ. дар сухани хотимавиаш ба рўзноманигорон ҷиҳати иштироки фаъолонаашон дар нишаст ва барои ҳамкории муфидашон бо маорифчиёни вилоят самимона изҳори сипос кард.
Нишасти матбуотии сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд бо намояндагони воситаҳои ахбори  умум хеле пурманфиат ҷараён гирифт.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>