Имрӯзҳо тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуб чун терроризм ва экстремизм ба ташвиш оварда, ба масъалаи доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Пӯшида нест, ки фаъолияти ташкилотҳои тундрав ба амнияти миллӣ ва давлатии кишварҳои саросари олам хатари ҷиддӣ эҷод намудааст. Аз ҷумла, натиҷаи ноогоҳӣ, ҷаҳолат, зиёдаравӣ, фирефтаи ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ шудани қисми муайяни ҷомеа буд, ки воқеаҳои мудҳиши ибтидои солҳи 90-уми асри гузашта ба сари мардуми тоҷик омад.
    Баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон душманони дохилӣ ва хориҷии кишвар бо саркардаҳои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии наҳзати исломӣ байни минтақаҳои гуногуни кишвар низоъ ва кинаву адоватро паҳн карда, дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ, бесарусомонӣ ва беҳукуматиро ба миён оварданд, ки боиси ба таври куллӣ фалаҷ гардидани тамоми сохторҳои давлатӣ гардид.
        Ин ҷанги хонумонсӯз соли 1997 баъди байни мухолифин ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ амалан ба охир расид. Вале саркардагону аъзоёни ташкилоти террористии наҳзатӣ бо истифода аз ин имконият дар низоми давлатдории дунявӣ, ҳамчун як ниҳоди исломи сиёсӣ мақоми қонунӣ касб карда, тавонистанд, тариқи матбуоти расмии худ ғояи исломи сиёсиро пайваста тарғиб намоянд. Бо ин васила зина ба зина муносибати аъзои ин ташкилоти террористӣ бо Ҳукумати кишвар тағйир ёфта, боиси амали мусаллаҳона аз тарафи ташкилоти террористии наҳзати исломӣ дар моҳи сентябри соли 2015 гардид.
          Ба ҳамагон маълум аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон ва фаъолияташ дар қаламрави кишвар қатъ карда шудааст.
       Имрӯз саркардаи фирории ташкилоти террористии наҳзати исломӣ бо ҳаммаслаконаш фаъолияташро дар хориҷи кишвар ба роҳ монда, ҳадафҳои нопоки худро нисбат ба давлату миллати тоҷик идома дода истодаанд. Аммо, хушбахтона метавонем гӯем, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон заррае ба ин хоинони давлату миллат таваҷҷуҳе надоранд ва ба муқобили онҳо муборизаи доимӣ бурда истодаанд ва мубориза хоҳанд бурд.
Бобозода М.
Раёсати маорифи вилояти Суғд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>