Тибқи нақшаи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тарзи ҳаёти солим» бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ санаи 17 август дар Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Суғд семинари ҷумҳуриявӣ доир гардид.
Чорабинии мазкур ба мавзӯи хеле муҳим – «Пешгирии бемориҳои модарзодии сутунмӯҳра» бахшида шуда, дар он 30 нафар намояндагони васоити ахбори чопию электронӣ, аз ҷумла рӯзномаи вилоятии «Маорифи Суғд» ширкат варзиданд.
Баъди аз ҷониби сарвари Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоят Адолат Мадаминова кушода шудани семинар мудири шӯъбаи барномаҳои таълимию маърифатии МД «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» Мавлуда Зокирова ва ҳамоҳангсози барномаҳои ГЕЙН дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мутриба Латифова суханронӣ намуда, сабабҳои пайдоиши бемориҳои модарзодии сутунмӯҳра, оқибатҳои ногувор ва таъсири манфии онҳо ба ҳаёти инсон, роҳҳои пегирии бемориҳои мазкур, вазъи ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистонро аз ҷиҳати илмӣ шарҳу эзоҳ доданд.
Дар рафти машғулияти амалӣ ба ширкаткунандагони семинар усули муайян намудани йоднакии намаки ошӣ омӯзонида шуд.
Рӯзноманигорон ҳангоми мубодилаи афкор ва сӯҳбати озод ба пурсишҳояшон посух гирифтанд.
Аз ҷониби маърӯзачиён ва рӯзноманигорон саҳми бузурги муассисаҳои соҳаи маориф дар ташвиқу тарғиб ва ташаккули тарзи ҳаёти солим махсус қайд шуд.