Имрӯз дар маҷлисгоҳи раёсати маорифи вилоят бо иштироки муовинони мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо семинари дастурдиҳӣ доир гардид. Омодагӣ ба ҷамъбасти соли таҳсил, пешниҳоди саривақтии ҳуҷҷатҳои довталабони медали тилло ва нуқра, тартиби баргузории «Занги камолот» мавзӯи асосии баргузории семинар буд.
Муовини сардори раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов, мудирони шуъбаҳо Дилбар Исмоилова, Аҳмадҷон Солиҷонов, сармутахассисон Раъно Султонова, Раҳбар Алиева доир ба омодагӣ ба ҷамъбасти соли таҳсил андешаҳо баён намуда, оиди вазифаҳое сухан ронданд, ки масъулон бояд то интиҳои соли таҳсил онҳоро ба анҷом расонанд.
Пешниҳоди саривақтии ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани ҳуҷҷатҳои хатми мактаб, баргузории аттестатсияи хатм ва аз синф ба синфгузаронӣ, ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон ва омӯзгорон, таъмири бинои муассисаҳои таълимӣ ва ғайраҳо аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кормандони соҳаи маориф арзёбӣ гардиданд.
Дар охир иштирокчиёни семинар ба саволҳои зиёди худ ҷавоби қаноатбахш гирифтанд.