Имрӯз дар толори Раёсати маорифи вилоят Шӯрои омӯзгорони Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилояти Суғд баргузор гардид. Дар ҷаласа омӯзгорони маҳфилҳои Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят, директорони Марказҳои назди раёсат ва шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Дар ҷаласа фаъолияти маҳфилҳои физика, химия, биология ва математикаи Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шӯъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Гулистон, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ, натиҷаи мониторинги маҳфилҳои фаннии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мудирони бахши Марказ Султонова Р., Яҳёев А., сармутахассис Самадова Ҳ., мутахассиси пешбар Усмонов Н., омӯзгори маҳфили фанни биологияи гимназияи № 2-и ноҳияи Б.Ғафуров Ёдгорова С., директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Бақосова Н. оиди масъалаҳои баррасишаванда суханронӣ намуданд.
Дар охир вобаста ба масъалаҳои ташкили маҳфилҳои фаннӣ дар истироҳатгоҳҳо дар давоми таътили тобистона, ташкили маҳфилҳо аз фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ бо омӯзиши забони англисӣ, ба нақша гирифтани машғулиятҳои кушоди маҳфилҳо, самаранок истифода намудани воҳидҳои корӣ, ҷалби кадрҳои соҳибтаҷриба ва эҷодкор ба маҳфилҳо роҳбарони Марказҳо вазифагузорӣ карда шуданд.