20180221_113223Бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳисси ватандӯстӣ дар байни хонандагон, таҳкими дӯстӣ бахшида ба 25 — солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят аз 22.12.2017, таҳти № 304 санаи 21.02.2018 даври вилоятии озмуни ҳарбӣ-варзишии «Сипар» дар қисми ҳарбии 35-01-и шаҳри Хуҷанд аз рӯйи 5 бахш:  машқҳои сафкашӣ,  мудофиаи шаҳрвандӣ ва  асосҳои дониши тиббӣ дар ҳолати расонидани ёрии аввалини тиббӣ, тирандозӣ, ба қисмҳо ҷудо намудани автомати тамғаи Калашников  ва  варзиши сабук аз тарафи Маркази таҳсилоти иловагии вилоят гузаронида шуд.

Дар озмун ғолибони даври минтақавӣ аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Панҷакент, Б.Ғафуров, Истаравшан, Зафаробод ва Конибодом иштирок доштанд.

20180221_123640Озмун майор Қосимов Фирӯз — ёрдамчии калони сардори шӯъбаи даъват ва тайёрӣ ба хизмати ҳарбӣ комиссариати ҳарбии вилоят, лейтинант Каттаев Л. – намоянда аз Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граҷдании вилоят, майор Сатторов Ҷумъабек – сармуаллими кафедраи ҳарбии филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Очилов Ҳошимҷон намоянда аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят   доварӣ намуданд.  Дастаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳама шартҳои озмун маҳорати баланд нишон дода, сазовори ҷойи аввал гардид. Афсарони аскарони ояндаи шаҳри Хуҷанд мақоми дуюмро касб намуданд. Ҷойи сеюмро дастаи шаҳри Бӯстон ишғол намуд.

         Ҳамаи ғолибони озмун бо диплом, сипоснома,  тӯҳфаҳо ва Ҷоми озмун тарафи Раёсати маорифи вилоят ва маркази таҳсилоти иловагии вилоят қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>