DSCF9180Дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят нишасти матбуотии сардори раёсат Осим Каримзода бо намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Дар он оид ба натиҷаҳои фаъолияти маорифчиёни вилоят дар  соли 2019 ва тараддудҳои имрӯзаи ҷомеаҳои меҳнатии муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли ояндасоз сухан  рафт.
Дар нишасти матбуотӣ  23 нафар намояндагони расонаҳои хабарӣ ва мудирони шуъбаҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, масъулини пешбурди кори таълиму тарбия ширкат варзиданд. Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд О. Қ. Каримзода ҳозиринро бо натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Раёсати маорифи вилояти Суғд дар соли 2019, барору камбудиҳои фаъолияти ҷомеаи меҳнатии муассисаҳои таълимии вилоят муфассал ошно сохт.
Зикр шуд, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба маорифчиён  рӯҳбаландии бузург бахшид ва онҳо ба як қатор дастовардҳо сазовор гардиданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки фаъолияти омўзгорони маълумоти миёнадошта ва омўзгорони ғайрисоҳавӣ дар муассисаҳои таълимии вилоят бартараф карда шуд.  Ҳамзамон зикр гардид, ки Дилафрӯз Каримова– омӯзгори фанни забони англисии Литсейи физикӣ – математикии ба номи М.Осимии шаҳри Хуҷанд дар  озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон — 2019» ва Розия Нурматова — мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №15-и шаҳри Конибодом дар озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон – 2019” ҷойи аввалро мушарраф гардиданд.
Дар рафти нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма хабарнигорони рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва “Садои мардум”  дар вилояти Суғд Ҷовиди Аштӣ ва Мирзоаъзам Мақсудов, хабарнигорони телевизионҳои вилояти Суғд Субҳиддин Қодиров, “Танин” Қудратулло Раҳматуллоев, “Диёр” Рустамбек Аҳмадов, “Азия” Муниса Атаева, “СМ -1” Мафтуна Шукурова, оҷонсиҳои иттилоотии “Азия – плюс” Мавлуда Рофиева, “Суғд –нюс” Мадина Поччоева, “Спутник” Қамари Аҳрор  вобаста ба масъалаҳои мубрами соҳа, аз ҷумла  раванди таъмини иҷрои нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, таъминоти  муассисаҳои таълимӣ бо равоншиносон ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии   касбӣ  ҷиҳати тайёр намудани ин мутахассисон, гарон шудани маблағи муассисаҳои томактабӣ, таъмиру тармими  бинои муассисаҳои таълимии садамавӣ, кашол ёфтани бунёди бинои нави иловагии МТМУ №23, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сабабҳои норасоии  китобҳои дарсӣ дар баъзе муассисаҳо, содиршавӣ ва пешгирии ҷиноят дар байни мактабиён, раванди забономӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ҷалби омӯзгорон аз Русия, раванди фаъолияти муассисаҳои таълимии хусусӣ дар вилоят бо саволҳо муроҷиат  карданд.
Аз ҷониби сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода О.Қ. ба суолҳои матраҳшуда хеле возеҳ равшанӣ андохта шуда, бо мисолҳои мушаххас корҳои дар ин самт анҷомёфта шарҳу эзоҳ ёфтанд.
Дар нишаст собиқадори матбуот, сармуҳаррири нашрияи “Корвони умед” Сайфулло Маҳкамов аз ҷониби Раёсати маорифи вилоят ба муносибати 75 – солагиаш бо Сипоснома ва роҳхат ба осоишгоҳ сарфароз гардонида шуд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>