Сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ғайридавлатӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Спитамен пурра ба охир расида, корҳои пардозкунӣ ба ҳадди ниҳоӣ мерасад. Бинои таълимӣ дорои 22 синфхона, китобхона, маҷлисгоҳ, бунгоҳи тиббӣ, ошхона буда, барои 240 хонанда пешбинӣ шудааст. Толори варзишӣ барои 200 ҷойи нишаст, хобгоҳ барои 50 нафар ба маҷмааи муассиса дохил мешавад.
Барои кабинети фанни физика, химия, биология, забони русӣ ва англисӣ таҷҳизоти навтарини технологӣ: компутер, принтер, камераи мушоҳидавӣ, тахтаҳои электронӣ дастрас шуда, муҷаҳҳазкунӣ оғоз ёфтааст. Дар ин муассиса шароити таҳсил, кор ва зист ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ хоҳад шуд.
Ба муассисаи таълимии навтаъсис омӯзгорони баландихтисоси синфҳои ибтидоӣ ва болоӣ, хонандагони синфҳои 1 то 9 тариқи озмун ба кор ва таҳсил қабул карда мешаванд. Баргузории озмун 10 ва 15 августи соли равон дар бинои Раёсати маорифи вилоят (воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Шарқ, 29) сурат мегирад.