DSCF2791Дар мактаби Президентии шаҳри Бӯстон бо ширкати собиқадорони меҳнат, занони обрӯманд, бонувони фаъоли соҳаи маориф, ғолибони озмунҳои соҳавӣ ба ифтихори ҷашни баҳору зебоӣ -Рӯзи модар чорабинии идона доир гардид. Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилоят чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Назира Ғаффорӣ, муовини Раиси вилоят номаи муборакбодии иҷрокунандаи Раиси вилоят муҳтарам  Раҷҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи аҳли нишаст расонида, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар партави сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонмақом ва манзалати бонувон хеле боло рафта,занон дар ҳама соҳаҳо суботкорона фаъолият доранд. Таъсиси квотаҳо барои духтарон, роҳандозӣ шудани чандин Барномаву стратегияҳо вобаста ба баробарии ҳуқуқҳои мардону  занон боис шуд, ки аз ҳисоби занону бонувон ходимони барҷастаисиёсиву илмӣ ба камол расанд.

         DSCF2767Осим Каримзода зимни суханронии хеш иброз дошт, ки аз азал бонувони тоҷик соҳиби ақлу заковат, дониши фасеҳ ва маърифати баланд доштанд. Хоссатан зан- омӯзгор дорои хиради азалӣ буда, чун шамъ сӯхтаву роҳи ояндаи насли наврасро дурахшон месозанд. Нақши муаллимаҳо хоссатан дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар баланд бардоштани маънавиёти аҳли ҷомеахеленазаррас аст. Алҳол аз шумори умумии омӯзгорон 36 ҳазору 420 нафар 22 ҳазору 793 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки ин нерӯи бузург аст. Қобили зикр аст, ки имрӯз ба 273 муассисаҳои таълимии вилоят бонувон сарварӣ мекунанд.

         Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Муаллими соли Тоҷикистон — 2017”, “Мураббии соли Тоҷикистон-2017”, “Омӯзгори ҷавони сол” ва ширкаткунандаҳои фаъоли озмунҳои зикршуда тӯҳфаҳои хотиравии Раиси вилоят супурда шуданд.

Чорабинии фарҳангӣ ба ҷашн таровати шукӯҳи тоза бахшид.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>