Бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020»,  фаъол гардонидани маҳфилҳои муассисаҳои таълимӣ ва  Маркази таҳсилоти иловагӣ дар самти омӯзиши табиати диёр, бунёдкорӣ ва ғанӣ сохтани ҷаҳони маънавии хонандагон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор, 2018-2020» ва тибқи нақшаи кории шӯъбаи “Табиатдӯстон” ва “Сайёҳӣ – кишваршиносӣ”-и  Маркази таҳсилоти иловагии вилоят дар китобхонаи Маркази таҳсилоти иловагии вилоят мизи мудаввар гузаронида шуд.

Дар мизи мудаввар директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Ашӯрматов Ф  намояндагон аз Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Меликбоева Ш. ва Каримов Ғ, мудирони шуъбаҳо,  мушовирон, роҳбарони маҳфилҳо ва наздик 50 нафар аъзоёни маҳфилҳои Маркази таҳсилоти иловагӣ иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинӣ оид ба ҳадаф  ва вазифаҳои қабул гардидани барнома,  ҳифзи захираҳои об, муаррифии Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигаҳдории табиат ва дигар масъалаҳо марбут ба муҳити зист баромадҳо шунида шуд.

Ҳамчунин аз тарафи мудири шуъбаи «Табиатдӯстон»-и Маркази таҳсилоти иловагии вилоят викторина байни аъзоёни маҳфил ташкил карда шуда, ба ҳозирин филми 15 дақиқаи  “Тоҷикистон- сарчашмаҳои обҳои зулол” намоиши дода шуд, ки хеле диққатҷалбкунанда буд.

Корманди масъули Раёсати муҳити зисти вилоят Каримов Ғ зимни баромад ба маҳфилчиён оиди ҳифзи табиат, парвариши ниҳолҳои ҳамешасабз, захираҳои обҳои дохилии Тоҷикистон, рудхонаҳо ва пиряхҳо маълумоти комил дода, дар поёни баромад бо маҳфилчиён саволу ҷавоб оиди ҳифзи табиат анҷом доданд.

Дар поёни ҷаласа ба аъзоёни фаъоли маҳфили “Гулпарварони ҷавон” ва “Табиатдустони ҷавон” –и Маркази таҳсилоти иловагии вилоят аз ҷониби маъмурият сипоснома ва туҳфахои хотиравӣ супорида шуд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>