Ҷиҳати босамар гузаронидани таътили тобистона Маркази таҳсилоти иловагии вилоят бо дастгирии Раёсати маорифи вилоят чанд иқдоми шоистаро пеш гирифт. Аз ҷумла, дар он айёме, ки пандемияи бемории коронавирус (COVID-19) дар ҷумҳурӣ авҷ гирифт, кормандони Марказ тариқи онлайн фаъолияти 189 маҳфили фосилавии ҳунарҳои мардумӣ, техникӣ ва табиатдӯстонро роҳандозӣ намуда, беш аз 13287 хонандагонро ба онҳо ҷалб намуданд.
Ҳамчунин, ташкилу баргузории озмунҳои фосилавии вилоятӣ аз қабили “ Ман дар хона ба кори модарам ёрӣ мерасонам”, “Тозагӣ – гарави саломатӣ”, “Ваҳдат – кафили сулҳ” дигар аз ибтикороти Марказ маҳсуб мешавад.
Иқдоми пешгирифтаи маорифчиёни вилоят дар мавриди ташкилу баргузории озмуни фосилавии “Тозагӣ — гарави саломатӣ” аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гарм истиқбол шуд ва ин озмун дар саросари кишвар доман паҳн кард. Ба озмуни мазкур 1032 адад расм – маҳсули мӯқалами наврасон ва 487 иншои беҳтарин пешниҳод гардиданд. Аз ҷониби комиссияи озмунӣ 50 адад маводи беҳтарин ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуданд.
Ба қарибӣ Раёсати маорифи вилоят фармоишеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он ҳамкории Маркази таҳсилоти иловагии вилоят бо кормандони телевизиони вилоят боз ҳам таҳким меёбад. Тибқи ин фармоиш байни мактабиёни вилоят озмуни фосилавии вилоятии “Мо – насли истиқлолем” баргузор мегардад ва беҳтарин видеороликҳо, таманниёт, мақола, лавҳаҳои хонандагон тариқи телевизиони Суғд пахш мегарданд.
Фаъолияти кормандони Раёсати маорифи вилоят, аз ҷумла, Маркази таҳсилоти иловагии вилоят дар таблиғу ташвиқи тадбирҳои пешгирии бемории ҳамагири COVID-19 назаррас аст. Таблиғотчиён дар ҳайати 28 гурӯҳ муттаҳид шуда, ҷиҳати фаҳмонидани омилҳои пешгирикунандаи ин беморӣ ва дигар амрози сироятӣ дар байни аҳолӣ сазоворона саҳм мегиранд. Лозим ба таъкид аст, ки аҳли маорифи вилоят 21 ҳазор адад ниқобҳои тиббӣ таҳия ва ба ниёзмандон ройгон дастрас намуданд.