296914839_427884476051941_1190040922953804308_n      Имрӯз, 1 августи соли 2022 аз ҷониби сехи таълимӣ — истеҳсолии дӯзандагии назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон ярмарка фурӯши либосҳои ягонаи мактабӣ ташкил ва баргузор гардид. Дар ярмарка маҳсулоти тайёри либоси мактабии сехи мазкур ба мактабиён ва волидайнашон пешниҳод карда шуд, ки аз ҷиҳати сифатнокӣ ва дастрасӣ ба нарх ба талаботи мизоҷон ҷавобгӯ буд.

   296240875_427884629385259_8821828265876255882_n Дар ярмарка аз ҷониби волидайни хонандагони мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон 100 адад либос харидорӣ карда шуд. Инчунин, таъмини хонандагони муассиса бо либоси мактабӣ аз сехи таълимӣ — истеҳсолии дӯзандагии назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон бо маром идома дорад.
    296196511_427884382718617_676512529029806833_nТаъмини хонандагон бо либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Сарвари давлат бо назардошти имтиёзҳои андозиву гумрукии аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пешбинишуда ҳамеша масъулин ва роҳбарони корхонаҳои дӯзандагиро вазифадор менамоянд, ки истеҳсоли чунин либосҳоро дар ҷумҳурӣ афзоиш дода, хонандагонро бо либосҳои хушсифати арзон таъмин намоянд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>