Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ва сифати таълим, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, бинобар зиёд будани теъдоди хонандагону кам будани муассисаҳои таълимӣ дар асоси дастуру раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасмим гирифтааст, ки ба соҳибкорон, саховатмандон, сармоягузорон, ташкилотҳои ҷамиятӣ, бахши хусусӣ, ки дар суратҳисоби бонки сармояи кофӣ ва хоҳиши сохтмони бино барои ташкил намудани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусиро доранд, аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзӣ замин ҷудо намояд. Вобаста ба ин чанде пеш Раёсати маорифи вилоят ба сокинон бо Муроҷиатнома баромад намуда буд. Инак, дар фурсати начандон тӯлонӣ ба унвонии Раёсати маорифи вилоят 11 нафар шаҳрвандони вилоят бо мақсади сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ дархост пешниҳод намуданд. Инҳо Мӯъминҷон Юсуфҷонов, Ғафур Атохӯҷаев, Фароғат Усмонова, Одил Обидов, Фотеҳ Масумов, Бахтиёр Гадойбоев, Алишер Тоиров аз шаҳри Хуҷанд, Абдуаҳад Раҳимов, Фарҳод Маҷидов, Абдуҳалим Шарифов аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Муқимӣ Назари Муқим аз ноҳияи Масчоҳ мебошанд. Ҳар кадоме аз инҳо хоҳиши бунёди мактаби ва ё кӯдакистони хусусиро дошта, омодаанд дар фурсатҳои наздик бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ин нақшаашонро амалӣ созанд. Қабули дархостҳо идома дорад.