DSCF3962Дар ҳошияи дастури Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ мулоқоти роҳбарони мактабҳои олии вилоят бо хатмкунандагон идома дорад.

Субҳи имрӯз наздики 300 нафар хатмкунандагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба умеди дидор ва мулоқот бо сарварони мактабҳои олӣ дар мактаби хонандагони болаёқати ноҳия сарҷамъ омаданд.

Чорабиниро муовини аввали раиси ноҳия Олимҷон Олимов ҳусни оғоз бахшид.

Сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД-и вилоят Мирзотоҳир Набиев зарурати роҳандозии чунин ташаббусҳоро дар интихоби касби ҷавонон нек арзёбӣ намуда, қайд кард, ки мактабиёни ноҳия мунтазам дар олимпиадаву дигар озмунҳо ширкат варзида, ҳамзамон шумораи хатмкардагони ба мактабҳои олии кишвар дохилшаванда дар қиёс ба дигар шаҳру навоҳӣ зиёд буда, танҳо соли гузашта беш аз 50 фисади хатмкунандагон сазовори номи донишҷӯи гардиданд.

Ректори ДДХ Анвар Мақсудов дастовардҳои як соли охири донишгоҳро бо мисолҳои воқеъбинона таҳлил намуда, аз ҷумла гуфт, ки танҳо дар давоми як сол зиёда аз 150 тахтаҳои электронӣ харидорӣ шуд. Ихтисосҳои донишгоҳ ба шароити замона мутобиқанд.

Ректори ДКМТ дар шаҳри Чкалов Мухтор Фозилов низ аз шартномаҳои ҳамкорӣ бо коргоҳҳои маъдантозакунӣ вилоят ҳарф зада аз довталабон даъват ба амал овард, ки ҳини интихоби касб ба ин донишгоҳ раванд.

Мудири кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд Хуршед Худойбердиев аз шароити хуби таълимиву моддии донишкада ҳарф зада, баён дошт, ки

озмоишгоҳҳои замонавӣ, синфхонаҳои лингафонӣ, марказҳои забономӯзӣ, парки технологӣ, хобгоҳ ва китобхонаи рақамӣ имкон фароҳам меорад, ки донишҷӯ сифатнок дониши азхудкардаашро дар амалия санҷад.

Директори ДИС ДТТ Абдурауф Олимӣ аз ҷараёни таълим бо се забон дар муассисаи худ изҳори хушнудӣ карда, қайд кард, ки робитаро ба устодони донишгоҳҳои хориҷӣ вусъат бахшидаанд ва онҳо ба дониши забондонии шогирдони донишкада баҳои баланд додаанд.

Дар суханронии ректори ДДҲБСТ Ҷӯразода Ҷамшеди Ҳабибулло қайд шуд, ки донишгоҳ дар самти омоданамоии ҳуқуқшиносону сиёсатмадорони варзида саҳми калон дошта, роҳбарияти донишгоҳ мекӯшанд, ки минбаъд низ бо таъсиси ихтисосҳои нав ҳамқадами замона бошанд.

Дар фарҷом хатмкунандагони ноҳия барои ташкили чунин маҳфили озоду самимӣ ба роҳбарияти вилоят ва сарварони муассисаҳо изҳори сипос намуда, ба саволҳои худ   аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои олии вилоят посухҳои мушаххас гирифтанд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>