291012549_404466351727087_4141283685060181600_n Дар асоси мактуби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» аз 30.11.2021 № 06/1-120, бо мақсади дарёфти хонандагони болаёқат, санаи 12-уми феврали соли 2022 дар давлати Шоҳигарии Англия Озмуни байналмилалии «TEENEAGLE» аз фанни забони англисӣ тариқи фосилавӣ (онлайн) баргузор гардид.
       Олимпиадаи мазкур аз рӯи ду категорияи синнусолӣ синфҳои 5-8 ва 9-11 баргузор гардида, дар он 12 нафар хонандагони «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» шаҳри Бӯстон иштирок намуданд.

       290891402_404466398393749_3982482129873285570_nБаъди ҷамъбасти даври фосилавии Олимпиада маълум гашт, ки 7 нафар ғолибон ҷойҳои намоёнро ишғол намуда ва роҳхат ба даври ниҳоии Олимпиада гаштанд.
        Шурӯъ аз моҳи апрели соли ҷорӣ маъмурияти МДТ «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бӯстон барои иштирокунандагони даври ниҳоии озмуни мазкур ҷадвали дарсҳои тайёрӣ тартиб дода, дарсҳо мунтазам дар таътили тобистона давом дорад.

     Ёдовар мешавем, ки даври ниҳоии Олимпиадаи байналммлалии «TEENEAGLE» рӯзҳои 31 июл то 7 августи соли 2022 дар Шоҳигарии Британияи Кабир, шаҳри Лондон, донишгоҳи Брунел баргузор мегардад.290836454_404466471727075_912947644123376133_n

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>