Дар асоси нақшаи кории Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Раёсати маорифи вилояти Суғд санаи 25 июли соли ҷорӣ дар Маркази ТИК-и вилоят тренинг барои хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи: «Тайёр намудани ассистентони кабинети технологияи информатсионӣ» гузаронида шуд, ки дар он 20 нафар хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Ин намуд тренин бори аввал баргузор гардида мақсади ташкил намудани он барои такмил додани дониши хонандагон ва аз қабили онҳо омода кардани ёрдамчиёни омӯзгорони фанни технология информатсиони мебошад. Баъ аз таёр намудани хонандагон, онҳо омодаанд, ки барои ба дарс омода сохтани синфхона ва компютерҳо ба омӯзгорон ёрии амалии техникӣ расонида бошанд.
Сипас сухан ба тренер Ёрматов Фирдас дода шуд. Ӯ қайд намуд, ки ассистентони кабинети технология информатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умимии замони муосир яке аз равандҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби тренер методи дуруст истифодабарии шабакаи ҷаҳонии интернет фаҳмонида шуда фикру андешаҳои хонандагон низ шунида шуд.
Барномаи семинар-тренинг
- Вазифаҳои асосии администратори шабакавӣ.
- Қисми асосии дастгоҳи компютер (шарҳи назариявӣ, васл ва ҷудо кардани блоки систруемавӣ)
- Насб намудани системаи оператсионии Windows, драйверҳои таҷҳизотҳо
- Омодасозии системаи оператсионии Windows (панели идоракунӣ, сабти барномаҳои корбар, иҷозатномаҳои NTFS, сатри фармон, барқарор намудани системаи оператсионӣ, дискҳо барои барқарорсозӣ)
- Реестри системаи оператсионӣ
- Бехатарӣ (вирусҳо, зидди вирусҳо, почтаи электрони ва ғайра)
- Шабакаҳои компютерӣ (васл намудан, омода сохтани шабакаҳои дарунӣ)