Санаи 13 июли соли 2016 дар ноҳияи Шаҳристон дар асоси нақшаи кории Маркази ТИК-и вилоят ҷаласаи машварати директорони марказҳои ТИК-и назди шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар он директорони Марказҳои ТИК-и шаҳру ноҳияҳои Спитамен, Б. Ғафуров, Хуҷанд, Ҷ.Расулов, Исфара, Истиқол, Бӯстон, Гулистон, Истаравшан, Шаҳристон иштирок намуданд.

Ҷаласаро мудири шуъбаи маорифи н. Шаҳристон Бӯриев ҳусни ифтитоҳ бахшида оиди фаъолияти шуъбаи маориф аз ҷумла Маркази ТИК дар шашмоҳаи аввал гузориш дода, қайд намуд, ки дар ноҳия алҳол 8580 хонандагон таҳсили имл доранд ва ба онҳо 912 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиханд, ки аз онҳо 30 нафар омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ мебошанд. Аз 21 муассисаҳои таълимии ноҳия танҳо 1 муассиса дар ҳолати садамавӣ ва 2 муассисаи типпи кӯҳна буда, боқимонда 18 муассисаҳои таълимӣ нав мебошанд, ки ин муассисаҳо алҳол бо 290 компютер, 44 адад принтер 19 генератор, 1 адад сканер ва 1 адад проектор ҷиҳозонида шудаанд, ки аз онҳо 50 компютер корношоям буда, бо кӯшишу ҳаракати мутахассисони Маркати ТИК ноҳия дар шашмоҳаи аввал 16 адади он аз таъмир бароварда шуд.

Сипас сухан ба директори Маркази ТИК-и назди Раесати маорифи вилоят Ниёзов С. дода шуд. Ӯ қайд намуд, ки бо мақсади ҷоннок намудани фаъолияти Марказҳо, шиносоии онҳо бо фаъолияти якдигар ва мубодилаи таҷрибаю малака байни онҳо, тасмим гирифта шуд, ки ҷаласаҳои сайёр ташкил карда шавад. Ҷаласаи мазкур, сеюмини аз ин ҷаласаҳо мебошад ва далели самарнок будани чунин намуди ҷаласаро исбот менамояд. Оиди ҳисоботҳои шашмоҳа Ниёзов С., ҳаминро қайд намуд, ки Марказҳо ба ҳисоботҳои худ аҳамияти ҷиддӣ надода истодаанд, дастрасии ҳисоботҳо ба Марказ саривақтӣ нест ва дар баъзе ҳисоботҳо маълумотҳо дақиқ нестанд.

Сипас сухан ба директорон ва сармутахассисони марказҳо дода шуданд, ки онҳо дар бораи фаъолияти худ дар шашмоҳаи аввали соли 2016 ҳисобот доданд:

  • н. Б.Ғафуров – бинобар гуфти директори марказ Кенҷаева Ф. дар шашмоҳаи аввали соли 2016 аз тарафи муассисаҳои таълимии ноҳия 51 компютер, 3 проектор, 3 принтер ва 2 тахтаи электронӣ харидори карда шудааст.
  • ш.Истиқлол –бинобар гуфти директори марказ Назарова Г., аз 189 адад компютер ва 34 адад принтерҳои муассисаҳои таълими шаҳр алҳол 44 адади он дар ҳолати корношоям буда, 33 ададаш барқарорнашаванда мебошад. Аз оғози соли ҷорӣ мувофиқи нақшаи корӣ дар марказ дар таътили зимистона курсҳои кӯтоҳмуддати компютерӣ гузаронида шуда, ҳамчунин ба омӯзгорон тарзи кор бо компютер дар вақти дарс омӯзонида шуд.
  • ш.Хуҷанд дар шашмоҳаи соли ҷорӣ аз тарафи кормандони марказ як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд, аз ҷумла дар назди марказ устохонаи махсус ташкил карда шуд, ки дар он 60 адад компютерҳо аз таъмир бароварда шуд, 5 синфхонаҳои муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 60 адад компютер бо шабакаи дохилӣ насб карда шуданд. Алҳол дар муассисаҳои таълимии ш.Хуҷанд 70 синфхонаҳои компютерӣ, 1351 адад компютерҳо, 138 адад принтер, 58 адад проектор ва 47 адад тахтаи электронӣ мавриди истифода қарор дорад.
  • ш.Гулистон бино ба гуфти директори марказ Одирматов Р.С., дар ш.Гулистон 24 муассисаи таълимӣ буда, дар онҳо 22 кабинетҳои технологияи иттилоотӣ ташкил карда шудааст, ки дар онҳо 423 адад компютер ва 77 адад принтер мавриди истифода қарор доранд. Дар давоми шашмоҳаи соли ҷорӣ ҳамагӣ 11 адад компютер, 2 адад ноутбук, 1адад проектор, 1 адад тахтаи электронӣ ва 5 адад принтер харидорӣ карда шудааст, ки ин 49% нақшаи иҷроиши Барномаи компютеркунониро дар бар мегирад.
  • ш.Конибодом бино ба гуфти сармутахассиси Марказ аз аввали барнома ҷамъи компютерҳои муассисаҳои таълимии шаҳр ба 1037 адад, шумораи принтерҳо ба 179 расидааст. Миқдори синфхонаҳои компютерӣ 81 адад буда, аз онҳо 54 синфхонаҳо бо барқи озод ва 33 синфхона бо генераторҳои барқдиҳӣ таъмин мебошад. Дар шашмоҳаи соли ҷорӣ аз тарафи марказ 51 адад компютерҳои корношоями муассисаҳои таълимӣ аз таъмир бароварда шуданд. Тибқи нақша чорабиниҳои Раёсати маориф барои 745 нафар омӯзгорони фанҳои гуногун курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши технологияи иттилоотӣ гузаронида шуданд.
  • ш.Бӯстон бино ба гуфти директори марказ Ҳайдарова С., дар шаҳр ҳамагӣ 8 синфхонаи компютерӣ ташкил карда шудааст. Ҳамагӣ дар муассисаҳои таълимии ш.Бӯстон 257 адад компютер, 41 адад принтер, 5 адад сканер ва 6 адад генератор мавриди истифода қарор дорад, ки аз он 50 адад корношоям мебошад. Аз аввали шашмоҳа 25 адад компютерҳои муассисаҳои таълимӣ аз таъмир бароварда шуданд. Тибқи «Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти таълимӣ барои солҳои 2011-2015» соли 2015 муассисаҳои таълимии шаҳр бояд 35 адад компютер харидорӣ намоянд, дар 6 моҳи соли ҷорӣ муассиаҳа 8 адад компютер харидорӣ намуданд, ки он 21,2% нақшаро ташкил менамояд.

Чи хеле ки маълум шуд, марказҳо дар шашмоҳаи аввал ба пешравиҳои намоён ноил шудаанд, вале ҳамчунин камбудиҳо ва норасогиҳо низ дар фаъолияти онҳо вуҷуд доранд, ки марказҳо инро дарк намуда, паи ислоҳи он кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Баъди шунидани ҳисоботҳои марказҳои шаҳру ноҳияҳо, сухан ба мутахассиси пешбари Марказ Хӯҷаназаров У., дода шуд, ки оиди назорати иҷроиши нақшаҳои корӣ, замимаҳои 1-6 ва ҳуҷҷатҳои назоратӣ бо фоиз маълумот дод.

Сипас дар асоси барномаи машварат Мустафоқулов Р., оиди номнавис кардани таҷҳизотҳои техникии муассисаҳои таълимӣ ва ташкил намудани шабакаҳои дохилӣ аз таҷрибаи маркази н.Шаҳристон ба ҳозирин маълумот дод. Ҳамчунин директорони дигар марказҳо аз ҷумла ш.Истиқлол оиди гузаронидани ин чорабинӣ дар муассисаҳои ш.Истиқлол маълумот дода, бо таҷрибаю малакаи худ бо ҳамкасбон шинос кард.

Аз рӯи барнома дар масъалаҳои ҷорӣ масъалаҳои тартиб ва рафти соқит намудани таҷҳизотҳои корношоям, ташкили курсҳо дар назди марказҳо, нақшаи кории марказҳо дар шашмоҳаи дуюм дида баромада шуда, ба ҳозирин дастуру пешниҳодҳо дода шуд.

Ҳамчунин аз тарафи директори маркази ТИК-и назди раёсати маорифи вилоят ба директорони шаҳру ноҳияҳо якчанд супоришҳо дода шуд:

  • Номнавис намудани таҷҳизотҳои кабинети технологияи информатсионии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар рӯзҳои наздик ба итмом расонида шавад;
  • Раванди соқит намудани компютерҳои корношоям ба роҳ монда шавад.
  • намуди электронии нақша-чорабиниҳои марказҳо дар нимсолаи 2 дар давоми 2 рӯз ба Маркази ТИК-и вилояти Суғд фиристода шавад.
  • рафти таъмири компютерҳои корношоям дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бояд пурзӯр карда шавад;
  • ташкили курсҳо дар назди марказҳо ба роҳ монда шаванд;

Дар охир машваратро Ҳайдарова С. ҷамъбаст намуда, аз номи ҳозирин ба ташкилкунандагони машварат алалхусус ба мудири шуъбаи маорифи н.Шаҳристон барои дар сатҳи баланд ташкил намудани ин ҷамъомад миннатдорӣ баён намуданд.

Рӯзи дуюм  тибқи нақша-чорабинии Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Раесати маорифи вилояти Суғд семинари омӯзишии вилоятии ”Мизи кории омӯзгори замонавӣ” гузаронида шуд, ки дар он директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи шуъбаи маорифи ш.Хуҷанд Домуллоҷонов Ю., оиди чи гуна омода намудани ”Мизи кории омӯзгори замонавӣ”,  директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи шуъбаи маорифи н. Ҷ.Расулов Муродов С., оиди маводҳои таълимии омӯзгори замонавӣ ва  директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи шуъбаи маорифи ш.Истаравшан Аҳроров А., оиди самарабахш истифодабарии тахтаи электронӣ ва проектори мултимедӣ  маълумот доданд.

Дар семинар директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Раесати маорифи вилояти Суғд Ниёзов С.Ҷ. низ оиди самаранок истифода бурдан ва ташкил намудани шабакаи дохилии синфӣ баромад намуданд.

Ҳамчунин аз тарафи директори маркази ТИК-и назди раёсати маорифи вилоят ба директорони шаҳру ноҳияҳо якчанд пешниҳодҳо дода шуд:

  • Дар раванди таълим тахтаи электронӣ ва проектори мултимедӣ бисёртар истифода бурда шавад;
  • Маводҳои таълимӣ бо ёрии программаи Power Point тайёр карда шаванд;
  • Дар муассисаҳои таълимии вилоят шабакаҳои дохилисинфӣ ташкил карда шавад;

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>