Тибқи нақшаи кории Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Раёсати маорифи вилоят санаи 23 август дар Литсейи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон тренинг барои омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд доир ба мавзӯъи “Омода сохтани видео дарсҳо” баргузор гардид.
Дар тренинги мазкур 18 нафар омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ иштирок доштанд, ки барои онҳо директори Маркази ТИК-и вилоят Ниёзов С. оид ба омода кардани маводҳои таълимии чандрасонаи ва бо ёрии барномаҳои махсус насб кардани видео дарсҳо гуфта гузашт. Баъдан, ҳар як омӯзгор имконият пайдо кард, ки мустақилона бо ёрии барномаҳои офисӣ маводҳои таълимии чандрасонаи омода сохта баъдан онҳоро бо овозҳои худ сабт кунанд.
Мақсад аз ташкил кардани чунин тренингҳо ин бо истифода аз технологияи компютерӣ ва барномаҳои замонавӣ дар соҳаи маориф ба зинаи нави таълими чандрасонаӣ гузаронидани омӯзгорони муассисаҳои таълимии вилоят мебошад. Видео дарсҳо ин тарзи инноватсионии таълими фосилавӣ буда барои рушди омӯзгор ва талаба муфид мебошад.
Маркази ТИК-и вилоят дар нақша дорад, ки чунин тренингҳоро дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят барои омӯзгорони ҳар гуна фанҳо ташкил намояд.