Устоди хушкалам Адибон дар ҳама давру замон ҳамнавову ҳамсадо бо зиндагӣ буданду ҳастанд ва танҳо онҳо қодиранд инсонҳоро дар руҳияи инсондӯстию меҳанпарастӣ, худшиносии миллию ифтихор аз таъриху фарҳанг  тарбия намоянд ва Муҳиддин Хоҷазод, Нависандаи халқии Тоҷикистон бо дарки амиқи ин масъулият дар назди аҳли сухану хонанда солҳост, ки ин бори гарон бар дӯш дорад. Ин нигорандаи беназир дар ин рӯзҳои тирамоҳи зарнисор ба синни мубораки 80 расиданд. Бахшида ба ин дирӯз дар толори Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ маҳфили адабӣ таҳти унвони «Устоди хушқалам» бо иштироки  соҳибҷашн Муҳиддин Хоҷазод, Шаҳрванди фахрии ш.Хуҷанд нигоранда Маъруфи Бобоҷон, рӯзноманигор ва ҳаҷвнигор Дадохони Эгамзод, раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати маҳаллаи Суғдиён Замирахон Деҳқонова ва муҳассилини МТМУ № 11,12 шаҳри Хуҷанд барпо гашт.
Корманди китобхонаи мазкур Саодат Турсунова дар ибтидо қайд кард, ки устод Муҳиддин Хоҷазод дар тӯли фаъолияти зиёда аз 50 солаи хеш тавонистанд, ки маҷмӯаи очерку ҳикоя, қиссаю романҳо таълиф намоянд. Мавсуф ҳикояҳои «Ба ҷои узр», «Нони ҳалол», «Нишони меҳр», повестҳои «Хокистари сӯзон», «Дилро ба дил раҳест», романҳои «Об-рӯшноӣ», «Нанг ва номус», «Ростиро завол нест», «Кӯҳ бе варта нест» ва амсоли онро ба табъ расонидаанд, ки  дар қалби дӯстдорони каломи бадеъ маъво гирифтаанд.
Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12 ш.Хуҷанд композитсияи адабиро аз эҷоди устод Муҳиддини Хоҷазод пешкаши ҳамагон гардониданд, ки он ҷолиб ва пурмӯҳтаво буд. Дар фарҷом Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод аз зиндагиномаи худ, ки қисман дар Федератсияи Русияву дар Тоҷикистон сипарӣ гардидааст, нақлҳои ҷолиб қисса намуда аз ташкили маҳфили адабӣ, ки ба хотири бузургдошту гиромидошти адабиёту адиб буд, изҳори сипос намуданд.
Дар ниҳоят директори китобхона Муаззама Расулова таманниётҳои сабзи аҳли ин кошонаи маърифат ва муштоқони каломи нобро ба соҳибҷашн расонид.

Дили поки ту доим поктар бод,
Ду чашмат шӯълапошу пуршарар бод.
Ҳамеша тақдират бошад фурӯзон
Навис эй устод баҳри моён
Корманди китобхона Саодат Турсунова

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>