IMG_8860Бо мақсади ошноии бештар пайдо кардани хатмкунандагон бо ҷараёни таълиму тарбия, вазъи пояи моддиву техникии муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо дастури Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ тайи се сол аст, ки мулоқоти озоду шаффофи сарварони донишгоҳу донишкадаҳо ва миёнаи махсуси вилоят бо хатмкунандагон доир мегардад. Дирӯз дар кохи ба номи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд идомаи ин вохӯриҳо бо устодону шогирдони мактабҳои шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Чорабиниро муовини раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Номбурда иброз дошт, ки соли равон 48 мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва 11 мактабҳои хусусии шаҳри Хуҷандро 2445 нафар хатм менамоянд. Ҳамасола миқдори дохилшавии довталабони шаҳри Хуҷанд дар қиёс ба дигар шаҳру навоҳии вилоят бештар аст. Солҳои охир бинобар таваҷҷуҳи хосса ба мактабу маориф, шумораи ғолибони олимпиадаи байналмилаливу ҷумҳурӣ низ аз ҳисоби хонандагони шаҳри Хуҷанд афзуда истодааст. Мулоқоти имрӯза низ имконияти хубе аст, барои интихоби касби хатмкунандагон.

Дар баромади намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Олимҷон Мирмуҳаммедов қайд шуд, ки дар сатҳи давлат ва Ҳукумат барои ҷавонон таваҷҷуҳи хосса дода мешавад. Эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон роҳҳои наверо барои пешбурди фаъолияти ҷавонон боз намуд.  Аммо ба андешаи ӯ ҳанӯз имкониятҳои зиёде дар ин самт мавҷуданд, ки бояд хатмкунандагон ба он тасмим гиранд.

Сипас Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, ректори ДДХ, Шарифзода Муъмин, ректори ДДҲБСТ, Фозилзода Мухтор, ректори ДКМТ, Саидӣ Дилафрӯз Раббизода, директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд, Рауф Олимӣ, директори ДИС ДТТ, Илҳом Комилов, директори коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, Кенҷазода Манучеҳра, директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷнд  ва Санам Аминҷонова, муовини директори коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд тавассути видеролик ва слайдҳо муассисаҳои худро муаррифӣ намуданд.

IMG_8833Дар баромади Саидӣ Дилафрӯз Раббизода зикр шуд, ки теъдоди донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба 4 ҳазор нафар расида, аз ин шумор беш аз ҳазор нафарро толибилмони шаҳри Хуҷанд ташкил мекунанд, ки худ шаҳодати он аст, ки хатмкунандагони шаҳри Хуҷанд ба донишкада таваҷҷӯҳи хосса доранд. Мавсуф дар идомаи гузориши худ аз ихтисосҳои нави ҷоришудаи донишкада -Идораи захираҳои иттилоотӣ ва Низомҳои бисёрқанотаи телеробитаҳо сухан ронда таъкид дошт, ки довталабоне, ки ба ин ихтисосҳо дохилшуда метавонанд пас аз хатми курси дуи донишкада таҳсилашонро дар  Донишгоҳи бонуфузи Нижний Новгороди Федератсияи Русия идома диҳанд ва соҳиби дипломи Федератсия Русия гарданд. Ташкили маркази таҳсилоти фосилавии донишкада, ки тайи панҷ сол амал мекунад, барои донишҷӯёни берун аз ҳудуди шаҳри Хуҷанд имконияти густурдаи таълимӣ медиҳад, то ҳам кор кунанду ҳам таҳсил намоянд.Устодон ва донишҷӯёни донишкада тайи ҳфт соли охир беш аз 90 шаҳодатномаи зеҳнӣ ва патент ба даст овардаанд, ки нишондоди хуб аст.

Хатмкунандагону омӯзгорони шаҳри Хуҷанд дар фарҷом ба сарварони муассисаҳои олӣ саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>