Ватани азизу соҳибистиқлоли мо — Тоҷикистон рӯз аз рӯз гул-гул шукуфта истодааст. Мо бояд пайваста шукронаи тинҷиву оромӣ, сулҳу дӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ ва истиқлолияту ободии кишвари азиз кунем.
Ҳар як фарди бо нангу номусро месазад, ки ба қадри ин неъматҳои бебаҳо бирасад ва дар рушду нумуъи кишвар саҳмгузор бошад. Имрӯзҳо сохта ба истифода додани садҳо майдончаҳои варзишӣ, мактабҳо, корхонаҳои саноатӣ, пулу роҳҳои мошингард ҳама аз ободиву пешрафти ватани маҳбубамон аст.
Маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Ватани азизамон Тоҷикистон ба кулли дигаргун гардидаву ташкилу баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст“, «Илм — фурӯғӣ маърифат» ва «Тоҷикистон — ватани азизи ман» дар рушди соҳаи иҷтимоии мамлакат ва дарёфти истеъдодҳои фавқуллода нақши муассир гузошт.
Имрӯз наврасону ҷавонон чӣ қадаре, ки рӯ ба омӯзиш оранд, ба илмомӯзиву фанҳои дақиқ бештар таваҷҷӯҳ кунанд, ҳарчӣ бештар ба ихтироъкориву навоварӣ таваҷҷӯҳ дошта бошанд, ҳамон қадар савияи дониш ва саводу ҷаҳонбиниашон баланд гардида, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтироми арзишҳои суннативу ҳувияти миллӣ тарбия меёбанд.
Таҷлили бошукуҳи 30 — солагии Истиқлолияти Тоҷикистони азиз воқеан бори дигар ба ҷаҳониён исбот намуд, ки кишвари азизамон таърихи куҳан дошта, мардумаш ободкору заҳматкаш, ташаббускору ваҳдатофар ва сулҳҷӯ аст.
Соҳаи маориф аз самти афзалиятноки сиёсати давлат буда, тарбияи дурусти кӯдакону наврасон ва ҷавонон ва соҳибмаърифату соҳибихтисос гардидани онҳо аз вазифаи муқаддас ва аввалиндараҷаи омӯзгорон буда, дар ин ҷода корҳои назаррасе анҷом дода мешаванд. Агар кӯдакону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем ҳатман дар оянда аз онҳо ба ҷамъият нафъе мерасад ва ин ҳам боис ба ободиву пешравии ватан мегардад.
Имрӯз омӯзгорон бо ташкили дурусти дарс, таълими дурусти хонандагон боло бурдани сифати таълиму тарбия ба ободии ватан саҳм мегузоранд.
Ҳамаи он дастовардҳое, ки мо имрӯз дар тамоми соҳаҳо дорем аз ободиву оромӣ ва тинҷиви сулҳу суботи кишвар аст. Мо бояд ҳамеша ба қадри ин неъматҳо, фаровониву арзонӣ бирасем ва дар ободии ватан бетарафиро ихтиёр накарда, ҳар яке аз рӯи касбу кори худ дар ободониву пешрафти кишвар саҳмгузор бошем, зеро ин ҳама тинҷиву осоиштагӣ, сериву пурӣ ва сарсабзиву ободии Тоҷикистони азизамон ба осонӣ ба даст наомадааст.
Аммо мутаасифона ҳанӯз ҳам нафароне, ёфт мешаванд, ки манфиати шахсии хешро аз манфиати миллату давлат боло дониста даст ба корҳои номатлуб мезананд. Муҳаммадбоқиров Муҳаммадбоқир, ки бо фиреби фаъватҳои интернетии Алим Шерзамон мехост ба сулҳу ваҳдат ва оромии як гӯшаи ватани азизи мо Бадахшони биҳиштосо нобасомонӣ андозад. Бо макру ҳилаҳояш ният дошт ба дастовардҳои беназир ва ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол халал эҷод кунад. Ин гуна инсонҳо ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои нопокашон нахоҳанд расид.
Барои ҳамин ҳам имрӯз мо ҷавононро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, бетарафӣ зоҳир накарда, дар атрофи сарвари маҳбуби кишвар муттаҳид шуда, Ватани азизамонро обод намоем.
Ашӯрматов Ф.Б.,
вилояти Суғд

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>