Дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят, ки таҳти раёсати сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода О.Қ. ва бо иштироки сардорону мудирони раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, зерсохторҳои Раёсати маорифи вилоят доир гардид, масъалаҳои муҳими соҳа баррасӣ ва вазифаҳои маорифчиён ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардиданд.

Ҳозирин аввал масъаларо оиди натиҷаи Рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят, рафти иҷрои моддаҳои 58, 62 ва 63-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва санҷиши сатҳу сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии шаҳри Исфара мавриди гуфтугӯ қарор доданд. Дар суханронии худ мудири шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят А.Қурбонов баробари дастовардҳо оиди масъалаҳои ҳалталаби муассисаҳои шаҳр ба монанди суст будани раванди корҳои методӣ, мавҷудияти кадрҳои ғайриихтисос, таъмирталаб будани толорҳои варзиш, намуди зоҳирии баъзе омӯзгорон ва ислоҳи онҳо андешаҳо баён дошт.

Вобаста ба вазъи таълиму тарбия дар кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Зафаробод гузориши сармутахассиси шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят М. Рустамова шунида шуд. Маълум гардид, ки дар фаъолияти як қатор кудакистонҳои шаҳру ноҳияи номбурда камбудиҳои ҷиддӣ ба мушоҳида мерасанд. Ҷиҳати ислоҳи саривақтии норасоиҳои мавҷуда пешниҳодҳои зарурӣ баён гардиданд. Аз ҷумла раисикунандаи ҷаласа Каримзода О. таъкид дошт, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо тибқи супориши Раиси вилоят гурӯҳи кории салоҳиятнок дар давоми як моҳ тамоми самтҳҳои фаъолияти муассисаҳои томактабии давлатию хусусиро месанҷад.

Суханронии сармутахассиси шуъбаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ Р.Алиева ба рафти амалишавии Консепсияи миллии таҳсилот дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Деваштич, Зафаробод бахшида шуд. Тавре мавсуф тазаккур дод, масъалаи аз таҳсил берун мондани як қатор хонандагон дар муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон ба назар мерасад. Инчунин вобаста ба эълон шудани  соли 2016- Соли фарди солим дар муассисаҳои таълимӣ андешидани  тадбирҳои мушаххас ба манфиати кор аст.

Мутахассиси шуъбаи омор, банақшагирӣ ва ояндабинӣ Д.Ёқубов перомуни натиҷаи санҷиши рафти омода намудани ҳисоботҳои оморӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич, Спитамен ва Хуҷанд суханронӣ намуд. Муовини сардори Раёсат С.Раҳматов диққати ҳозиринро ба масъалаҳои номувофиқатии рақамҳои овардашуда ба воқеият, фарқият дар ҳисоботҳо, саривақт ирсол нагардидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, беаҳамиятии роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва масъулини шуъбаҳои маориф ба саҳеҳияти масъулумотҳои оморӣ равшанӣ андохта, ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудиҳои мавҷуда маслиҳатҳои муфид баён дошт.

Ҳозирин оид ба  натиҷаи аттестатсияи литсейи №2-и ноҳияи Мастчоҳ ва вазъи таълиму тарбия дар мактаб-интернатҳои шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Б.Ғафуров ва Шаҳристон гузориши масъулини Раёсатро шунида, перомуни он андешаҳо баён доштанд.

Бо иштироки ёрдамчии калони прокурори вилояти Суғд Зафар Қаюмзода ва муовини сардори Раёсати хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Салоҳиддин Холиқзода, муассисону роҳбарони муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ масъала оид ба  пешниҳоди Прокуратураи вилояти Суғд аз 05.02.2016, № 11/40 — 16 “Оиди бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда” мавриди баррасии васеъ қарор гирифт. Дар суханрониҳо оид ба носаҳеҳиҳои пардохти маблағи таҳсил аз ҷониби волидон, воқеияти ҳолати мавҷуда ва минбаъд ба назари эътибор гирифтани фикру мулоҳизаҳои падару модарон дар таҳияи шартномаи тарафайн, ислоҳи камбудии ҷойдошта мулоҳизаҳои гуногун баён гардиданд. Аз ҷумла сардори Раёсати маорифи вилоят О.Каримзода  пешниҳод намуд, ки ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур комиссияи босалоҳият  созмон дода, он дар давоми як моҳ қазияро ҳаматарафа омӯзад ва хулосаҳои худро ба прокуратури вилоят манзур намояд.

Дар интиҳои ҷаласа сардори Раёсати маорифи вилоят О.Каримзода вобаста ба вазифаҳои наздиктарини маорифчиёни вилоят ҷиҳати таъмини  иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ муфассал суханронӣ намуд. Аз ҷумла, вобаста ба омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017, пешгирии ҷиноятсодиркунӣ, таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ, бартараф намудани камбудиҳо ҷиҳати бо таҳсилоти миёнаи умумию ғайриихисос фаъолият намудани омӯзгорон, истифодаи самараноки заминҳои надимактабӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони муассисаҳои таълимӣ, зиёд намудани теъдоди Марказҳои инкишофи кудакон, баргардонидани биноҳои хусусигардонидашудаи кудакистонҳо ба соҳаи маориф, таъмини иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо дар партави супоришҳои Раиси вилоят дар машварати августии маорифчиёни вилоят, таъмини қабули довталабон тибқи бурсияҳо ба мактабҳои олии Федератсияи Росия, вусъат додани ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати  ҳалли масъалаҳои марбут ба соҳаи таълиму тарбия, ривоҷи корҳои созандагӣ дар партави эълон шудани 500 рӯзи ободонӣ дар шаҳру навоҳии вилоят ба ифтихори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди саривақтии маъулумотҳои зарурӣ ба Раёсати маорифи вилоят ва ғайра дар назди ҳозирин вазифагузорӣ намуд. Доир ба ҳадафҳои созандаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар самти беҳдошти шароити  таълиму тарбия мавсуф ба ҳозирин маълумоти муфассал дод. Қайд гардид, ки дар  шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони як қатор мактабҳо, биноҳои маъмурии раёсату шуъбаҳои маориф дар назар дошта шудаанд.

Доир ба масъалаҳои баррасишуда ҳайати мушовараи раёсат қарорҳои дахлдор қабул намуд.

 

Хабарнигори “Маорифи  Суғд”

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>