Даври ниҳоии озмуни «Муаллими сол-2015»-и шаҳри Хуҷанд дар мактаби миёнаи №8 бо иштироки 6 нафар довталабон баргузор гардид. Муаррифии дарс, тарзи баёну услуб ва истифодаи аёниятҳо, саволу ҷавоб аз фанни таълимӣ ва донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ шартҳое буданд, ки аз рӯи онҳо довталабон донишу маҳорати хешро намоиш доданд.
Ҳайати ҳакамон ғолибонро муайян намуданд ва омўзгори фанни математикаи литсейи Донишкадаи политехникӣ Зебо Аминова ғолиби озмуни «Муаллими сол-2015»-и шаҳри Хуҷанд дониста шуд. Ба ғолиби озмун мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов дипломи дараҷаи 1, ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Ҳамчунин ҳамаи иштирокчиёни озмун бо ифтихорномава туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.