гим4Санаи 17 феврал дар Гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни бошукӯҳи «Ватанпарвар» доир гардид. Дар рафти чорабинӣ таҳти сарварии раиси созмони талабагӣ Роҳат Умарова 120 нафар толибилмони беҳтарин ба сафи Созмони талабагӣ, зинаи Ахтарон қабул карда шуданд.

Яке аз бахшҳои асосии чорабиниро хондани суруди зинда ва қироати шеър дар васфи Ватан, сулҳу ваҳдат ва озодию истиқлолият ташкил дод. Дар ин бахш ҳамагӣ 10 нафар хонандагони болаёқат – Сарваршоҳ Раҷабов, Шоҳрӯз Дилшодӣ, Муҳаммад Зоидов, Муҳаммад Иброҳимов, Гулноза Юсуфова, Азиза Арипова, Малика Каримова, Малоҳат Саиднабиева фаъолона ширкат варзида, маҳорати баланд нишон доданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ ба иштирокчиён дар вазъияти тантанавӣ сарвари муассиса Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии маъмуриятро супорид. Шоҳҷоизаи озмун барои ифоданок хондани шеъри «Қасам» насиби Муҳаммад Зоидов шуд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>