Корҳои сохтмонӣ вусъат мегиранд

Дар ҷамоати Ғулакандози ноҳияи Ҷ.Расулов сохтмони бинои иловагии кӯдакистони № 6  барои 180 нафар тариқи ҳашар ва дар деҳаи Сарбанди ноҳияи Спитамен  бинои нави мактаб барои 240 хонанда аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят анҷом ёфта корҳои ободонии гироду атроф босуръат идома доранд ва рӯзҳои наздик ба истифода дода мешаванд. Таҷҳизонидани муассисаҳои навбунёд аз ҳисоби маҷомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар назар аст.

Таҷлили Наврӯз дар мактаб – интернат

Дар мактаб-интернати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои барои бачагони ятиму бепарастор ва фарзандони оилаҳои камбизоат воқеъ дар шаҳри Бӯстон (собиқ шаҳри Чкалов) дар якҷоягӣ бо муассисаи таҳсилоти томактабии №5 «Калидчаи зарин» — чорабинии идонаи фарҳангӣ бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир шуд. Дар ташкил ва гузаронидани чорабинӣ дар радифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарпарастони мактаб- интернат Корхонаи воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон» ва Идораи сохтмони асосии вилоят саҳмгузорӣ намуданд. (далее…)

Вазифаҳо муайян гардиданд

Дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят, ки таҳти раёсати сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода О.Қ. ва бо иштироки сардорону мудирони раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, зерсохторҳои Раёсати маорифи вилоят доир гардид, масъалаҳои муҳими соҳа баррасӣ ва вазифаҳои маорифчиён ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардиданд. (далее…)

Озмуни «Сайбер Наврӯз» байни ҷавонон ва наврасони вилояти Суғд оғоз ёфт

Муассисаи давлатии Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Раёсати маорифи вилояти Суғд бори аввал озмуни “Сайбер Наврӯз”- ро дар байни ҷавонон ва наврасони вилоят эълон менамояд. (далее…)

Бақайдгирии довталабон ба мактабҳои миёна ва олии касбии Федератсияи Россия оғоз ёфт

Раёсати маорифи вилоят дар асоси эълони Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.03.2016 маълум менамояд, ки озмуни қабули довталабон барои таҳсил  дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба бурсияҳои ҷудогардидаи Федератсияи Россия аз рӯи зинаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баъд аз хатми синфи 11, бакалавр, мутахассис, магистратура, аспирантура ва ординатура баргузор мегардад. (далее…)

Исфара: дастовардҳоро афзун мебояд

Соҳаи маориф чун ҳамасола дар меҳвари асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат қарор дорад. Зеро бе рушди ин соҳаи ҳаётан зарурӣ пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишварро тасаввур кардан нашояд. Барои тақвият бахшидани соҳа иҷрои чанд ҳадафҳо бар фоидаи кор мебуд. (далее…)

Машварати вазир бо аҳли зиё

Имрӯзҳо дар миқёси вилоят вобаста ба ворид намудани тағйироу иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои маърифатӣ- фаҳмондадиҳӣ доир гардида истодаанд, ки дар рафти онҳо аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ ба аҳли ҷомеа моҳияту зарурияти ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни асосӣ фаҳмонида мешавад. (далее…)