Қадаме дар роҳисанҷиши воқеии дониши хонанда

Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят бо иштироки масъулони хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят семинари дастурдиҳӣ дар мавзӯи «Омӯзиши таҷрибаи пешқадами гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот, ҳуҷҷатгузории бахшҳои Хадамот дар самти омода намудани ҳисоботҳои оморӣ» баргузор гардид.

Чорабиниро сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят Абдураҳим Қурбонов ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Роҳат Мирзоев, мудири шӯъбаи ҳамоҳангсозии кор бо раёсат ва шӯъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни гузориши худ зарурати ҷорӣ кардани маводҳои ягонаи санҷиширо дар мактабҳои миёнаи кишвар бо мисолҳои возеҳ фаҳмонида, афзуд, ки чунин тарзи санҷиши дониш воқеияти дониши талабаро муаяйн мекунад. Номбурда аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки бо ҷалби устодони варзида дар ояндаи наздик чунин маводҳо бояд таҳия карда шаванд.

Омӯзгорони пешқадам  Аҳроров. А, роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилоти гимназияи №2-и шаҳри Истаравшан, Юсуфҷонова З аз МТМУ№19-и шаҳри Хуҷанд дар бораи нақши гурӯхи идоракунии сифати таҳсилот дар баланд бардоштани сатҳу сифати донишандӯзии толибилмони муассисаҳои таълимӣ гузоришҳо доданд.

Маъмурова М.Н.- сармутахассиси шӯъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар бораи омодасозӣ ва пешниҳоди оморӣ баромад намуд.

Бо вазифагузориҳо кори семинар анҷом пазируфт.

Рӯзҳои раёсати маорифи вилоят дар ноҳияи Шаҳристон

Давоми се рӯз роҳбарони сохторҳои Раёсати маорифи вилоят бо мақсади аз наздик ошоноӣ пайдо намудан бо раванди таълиму тарбия, иҷроиши барномаҳои давлатии соҳа аз мактабҳои ноҳияи Шаҳристон дидан намуданд. Натиҷаи санҷишу мушоҳидаҳо зимни баргузории ҷаласаи корӣ бо иштироки сарварони мактабҳо, масъулони шӯъбаи маорифи ноҳия таҳлилу баррасӣ шуданд. (далее…)

Ҳадаф: рушд ва такомули толибилмони соҳибистеъдод

Бо иқдоми Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Раёсати маорифи вилоят дар гимназияи рақами яки шаҳри Гулистон семинар-машварати сарварони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳру навоҳии вилоят баргузор гардид. (далее…)

Озмуни «Бехтарин осорхонаи мактабӣ»

Тибқи накшаи Раёсати маорифи вилоят даври минтақавии озмуни вилоятии «Беҳтарин осорхонаи мактабӣ» байни дастахо аз шахру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Ашт ва Гулистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 – и шаҳри Гулистон гузаронида шуд. (далее…)

Баррасии масъалаҳои муҳим

Дар арафаи таҷлили ҷашни касбии Рӯзи омӯзгорон  ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд бо иштироки муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, собиқадорони соҳа, омӯзгорони пешқадам ва кормандони Раёсат доир гардид. Ҷаласа бо сухани ифтитоҳӣ ва табрики сардори Раёсати маорифи вилоят, доктори илмҳои таърих, профессор Осим Каримзода кушода шуд. (далее…)