ҲАМКОРИ БО ВАО САМАРАИ НЕК МЕДИҲАД

DSCF9724Дар асоси ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ дар  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, саррраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо, муассисаҳо ва мактабҳои олии вилоят тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.09 2011, №АП 1729 санаи 23 январ нишасти матбуотии сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода О.Қ. доир гардид.

Дар нишаст намояндагони воситаҳои ахбории оммаи чопию электронии давлатию  ғайридавлатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ ва масъулини дигар муассисаю сохторҳои соҳаи маориф иштирок намуданд. (далее…)

ФАРОГИРИИ 100 НАФАР МАОРИФЧИЁН БА ИСТИРОҲАТУ ТАБОБАТИ РОЙГОН

DSCF9706Дар асоси дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли сеюм аст, ки бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дастгирии бевоситаи Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар таътили тобистона ва зимистона омӯзгорони пешқадаму ботаҷриба ва собиқадорони соҳаи маорифи шаҳру нохияҳои вилоят бо истироҳат ва табобати ройгон фаро гирифта мешаванд. (далее…)

НАМОЯНДАИ ВИЛОЯТИ СУҒД — «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН»

20170117_114128Бо мақсади дарёфт ва интихоби мураббиёни боистеъдоду навовар, эҷодкору ботаҷриба, мусоидат ба рушди фаъолияти кормандони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадам, қадрдонии меҳнати мураббиён ва баланд бардоштани мақому манзалати маорифчиён дар ҷомеа аз 10 то 12 январи соли равон дар заминаи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва муассисаи таҳсилоти томактабии №45-и шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» баргузор гардид. (далее…)