Хушхабарҳо

Чанде пеш ба ифтихори Соли Ҷавонон ва 25 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят дар мактаби Президентии шаҳри Бӯстон даври вилоятии фестивал – озмуни “ Сапеда” гузаронида шуд.
Озмуни мазкур аз рӯи ҳашт бахш – “Овозхонӣ” , “Навозандагӣ”,              “ Хореография”, “ Наттоқон”, “Композиторони наврас”, “Санъати тасвирӣ”, “Наққошӣ, кандакорӣ, санъати амалӣ”, “Ихтироъкорӣ, лоиҳаи инноватсионӣ ва сомонаи интернетӣ” гузаронида шуд. Ҷойи якум насиби дастаи шаҳри Панҷакент гардида, ҷойҳои дуюм ва сеюмро дастаҳои шаҳрҳои Хуҷанд ва Конибодом ишғол намуданд.

  *  *  *

   Дирӯз байни хонандагони синфҳои болоии мактаби Призидентии шаҳри Бӯстон озмуни иншои беҳтарин бо забони англисӣ дар мавзӯи “Муаллими аввалини ман” доир гашт. Дар озмуни мазкур хонандагони синфи 11 Шаҳзода Эшонова ва Мафтуна Ғафурова беҳтарин дониста шуданд.

*  *  *

    Ба наздикӣ байни тарбиятгирандагони мактаб – интернати вилоятӣ озмуни “Хушхатнависон” ташкилу баргузор гашт. Дар озмун Музаффар Аҳмадҷонов – хонандаи синфи 6, Фирдавс Ташрифов – хонандаи синфи 7 ва Камила Кармишева — хонандаи синфи 7 ғолибият ба даст оварданд.

БАРОИ ТАКОМУЛИ МАҲОРАТ

          Ҷиҳати баланд ҳисси ватандӯстию  ватанпарастии кӯдакону наврасон, инкишоф ва оммавияти  варзиш, ташаккули инсони комилу ҳимоятгари ватан ба муносибати эълон гардидани соли 2017 – Соли ҷавонон ва ҷашни 25 – солагии Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишӣ — тирпарронии Кумитаи вилояти  Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиа озмуни вилояти «Мергани беҳтарин» баргузор гардид.

Дар озмун хонандагон – беҳтарин мерганҳо  аз 15 шаҳру ноҳияи вилоят ширкат варзиданд.

Дар маросими ифтитоҳи озмун сармутахассиси  Раёсати маорифи вилоят Б. Сарҳадов, муовини раиси КВ ТҶММ оид ба тайёрии ҳарбӣ – техникӣ ва варзиш Т. Ыаюмбоев суханронӣ намуданд ва ба иштирочиёни озмун равнаыу барор орзу карданд.  Дар мусобиыа Ганҷина Сафарова  — аз ноҳияи Масчоҳ дар байни духтарон, Абдуыуддус  Абдуллоев – аз шаҳри Хуҷанд – дар байни писарон, Азиз Ҷӯраев – аз ноҳияи Б. Ғафуров дар байни омӯзгорон туфайли маҳорати баланди варзишӣ ба дарёфти ҷойҳои аввал мушарраф гардиданд.

Аз руй ҷамъбасти даставӣ ҷои якум насиби аъзои дастаи ноҳияи Б. Ғафуров гардид.  Ҷойҳои дуюм ва сеюмро дастаҳои шаҳри Хуҷанд  ва ноҳияи  Масчоҳ ишғол карданд.

Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ диплом, медал, тӯҳфаҳо ва сипосномаҳои  Раёсати маориф, Маркази таҳсилоти иловагии вилоят, Кумитаи вилоятии  Ташкилоти ҷамъияти  мададгори мудофиа супорида шуданд.

Дастаи ғолиб  бо дипломи Раёсати маориф  ва Кумитаи вилоятии  Ташкилоти ҷамъиятии  мададгори мудофиа, ҳамчунин ҷоми озмун сарфароз гаронида шуд.

ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲО ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАРРО ХОҲОН АСТ

    DSCF1459Санаи 20 октябр бо иштироки кормандони Раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, сарварони муассисаҳои зертобеъ ва намояндагони васоити ахбори омма ҷаласаи мушовараи Раёсати маорифи вилоят доир гардид, ки ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи маорифчиён бахшида шуд.

Ҷаласаи мушовара бо сухани ифтитоҳии сардори Раёсати маорифи вилоят, доктори илмҳои таърих, профессор Каримзода Осим Қосимӣ оғоз ёфт.DSCF1450

     Баъди шунидани ҳисобот оид ба фаъолияти нуҳмоҳаи  Раёсати маорифи вилоят масъалаҳои зерин: натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо оид ба ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2017, рафти аттестатсияи тирамоҳӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят, натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи тестӣ ва дохилшавии довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ дар соли таҳсили 2017-2018, рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» дар шуъбаи маорифи шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Ҷаббор Расулов, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш ва мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018, ҷараёни татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2017, №177 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018», иштироки марказҳои таҳсилоти иловагӣ дар чорабиниҳои вилоятӣ, натиҷаи омӯзиши фаъолияти Марказҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии шаҳри Конибодом ва ноҳияи Зафаробод, вазъи ба таълими ҳатмӣ фаро гирифтани кӯдакону наврасони синни мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, вазъи ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон баъди хатми мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси омӯзгорӣ ба ҷойи кор, натиҷаи рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят, санҷиши сатҳу сифати таҳсилот, таъминоти кадрӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва вазъи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2006, № 197 “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омузгорони ҷавон” дар шаҳру ноҳияи Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

     Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасишуда сардори Раёсати маорифи вилоят аз шахсони масъул пурсиш ба амал овард.

     Дар рафти ҷаласаи мушовара ҳамчунин ба таври илова масъалаҳои пардохти маблағи китобҳои дарсии иҷоравӣ, обуна ба нашрияҳои соҳавӣ, аз ҷумла рӯзномаи «Маорифи Суғд» ва замимаи он «Дурахшандагон» таҳлилу баррасӣ гардиданд.

     Ҷаласаи мушовара бо вазифагузориҳои сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ба анҷом расид.